Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ (ШАҲРӢ) ОЛИМПИАДАИ “SPELLING BEE”

25 декабря 2021 11:12

Количество просмотров: 12682

Бо мақсади иҷрои талаботи низомномаи Олимпиадаи “SPELLING BEE”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018 таҳти №18/6 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанни забони англисӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маоифи шаҳри Душанбе санаи 25 декабри соли 2021 даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи “SPELLING BEE” ташкил ва баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории олимпиадаи мазкур дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанни забони англисӣ шавқу рағбат доранд, шиносоии хонандагон бо истиллоҳоти бештари забони англисӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди таълими омӯзиши забони англисӣ барои хонандагони болаёқат, омода намудани хонандагон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ғанӣ гардонидани хазинаи луғавии хонандагон тавассути аз худ намудан ва истифодаи ҳарчи бештари калимаҳо, тарзи дурусти талаффузи калимаҳо бо забони англисӣ, сайқал додани нутқи шифоҳии хонандагон, ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба олимпиадаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ташкил ва баргузор намудани озмун ва олимпиадаҳо, яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст.
Дар озмуни мазкур 65 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (23 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 42 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ (6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо) сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла Саидова Афроз - хонандаи синфи 5 – уми Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ сазовори ҷойи 1 (н.Фирдавсӣ), Боймуродзода Муҳаммад - хонандаи синфи 7 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 сазовори ҷойи 1 (н. Сино), Абидова Шаҳодат – хонандаи синфи 7 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 сазовори ҷойи 2 (н. Шоҳмансур), Саидзода Маҳбуба – хонандаи синфи 5 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сазовори ҷойи 2 (н. И.Сомонӣ), Ғуломзода Насрина – хонандаи синфи 6 – уми Мактаби байналмилалии Президентӣ сазовори ҷойи дуюм (н. Сино), Сайдаҳматова Зуҳро хонандаи синфи 6 – уми Мактаби муосири байналмилалӣ сазовори ҷойи дуюм (н. Сино), Хурамов Иброҳим – хонандаи синфи 7 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 сазовори ҷойи 3 (н. Шоҳмансур), Саидғуфронов Исфандиёр – хонандаи синфи 7 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 сазовори ҷойи 3 (н. Шоҳмансур), Сафарова Салима Баҳромовна – хонандаи синфи 7 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 сазовори ҷойи 3 (н. И.Сомонӣ), Аҳмадзода Сайидо – хонандаи синфи 7 – уми Литсей интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат сазовори ҷойи 3 (н.Сино), Ашуров Абдулло – хонандаи синфи 6 – уми Мактаби байналмилалии Президентӣ сазовори ҷойи 3 (н.Сино), Саидова Азиза - хонандаи синфи 6 – уми Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ сазовори ҷойи 3 (н.Фирдавсӣ) гардиданд.
Хонандагони мазкур, барои омодагӣ ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаи “SPELLING BEE” ба Муассиса фаро гирифта мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибон дар маросими ҷоизасупории даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

269889262_458782842304059_7450154342433696231_n.jpg

269927596_458782952304048_6442226019737030652_n.jpg

Маълумоти муфассалро дар саҳифаи иҷтимоии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хонед. https://www.facebook.com/groups/1583448378502965