Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар Душанбе даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2021», «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-2021» баргузор мегардад

22 декабря 2021 03:12

Количество просмотров: 5648

Шурӯъ аз имрӯз то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021»  22-24 декабр,  «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом меёбад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».

Дар робита ба баргузории озмун 21 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, аъзои Комиссия аз сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷаласаи Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, вобаста ба ҷараёни баргузории даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф аз масъулин пурсон гардид.

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода вобаста ба баргузории даври ноҳиявии озмун зикр намуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Мураббии сол-2021»,  «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-21», ки Низомномаи озмунҳои мазкур тасдиқ гардидааст, дар шаҳри Душанбе тибқи қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф баргузор карда шуд.

Дар натиҷа ғолибони озмуни “Мураббии сол-2021”, “Омўзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” муайян гардида, аз ҳар ноҳия якнафарӣ довталабон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дастур дода шуд, ки шаффофияти озмунҳо таъмин карда шуда, ҷараёни он пурра тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда шавад.

АМИТ «Ховар»: https://khovar.tj/2021/12/dar-dushanbe-davri-sha-rii-ozmun-oi-murabbii-sol-2021-omuzgori-sol-2021-va...