Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Дар Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 хонандагон истироҳат мекунанд

25 декабря 2021 09:12

Количество просмотров: 4350

Аз 1 январи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад, хабар дод муовини сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

Давоми таътил аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон  барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад.

«Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ гарданд»

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб намояд.

Таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки хонандагон ба он омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр дар байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.