Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар Душанбе даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд

29 декабря 2021 02:12

Количество просмотров: 4448

Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада ташвиқи бозии шоҳмот миёни хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули тафаккури онҳо, ангезиш додани зеҳни хонандагон дар заминаи истифодаи бозии шоҳмот ҳамчун воситаи ташаккулдиҳандаи тафаккури мантиқии онҳо, инкишофи хотира, хусусияти ояндабинӣ, рушди қобилияти мушоҳида тавассути бозии  шоҳмот, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва ахлоқии хонандагон, муайян кардани дастаи беҳтарин ва шоҳмотбозҳои ҳирфавӣ, интихоб ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷа беҳтарин шоҳмотбозон – ғолибони даври сеюми (шаҳрии) Олимпиада оид ба шоҳмот муайян гардида, дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми шаҳрии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

https://khovar.tj/2021/12/dar-dushanbe-davri-seyumi-sha-rii-olimpiada-oid-ba-sho-mot-barguzor-karda-...