Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон доир шуд

29 декабря 2021 12:12

Количество просмотров: 4071

28 декабр дар Муассисаи таълимии давлатии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид, хабар медиҳад аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Ҳавасмандгардонии хонандагон яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар даври дуюми (ноҳиявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино хонандагони муассиса фаъолона ширкат варзида, соҳиби 57 ҷойи ифтихорӣ (22 ҷойи аввал, 18 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм ) гардиданд.

Хонандагоне, ки ҷойи аввалро ишғол намуданд, бо ифтихорнома ва 300 сомонӣ, ҷойи дуюм- ифтихорнома ва 200 сомонӣ ва хонандагоне, ки ҷойи сеюмро ишғол намуданд, бо ифтихорнома ва 100 сомонӣ маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Хонандагони муассиса дар Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 ноябри соли 2021 эълон шуда буд, фаъолона ширкат варзида, сазовори 20 ҷойи ифтихорӣ ва 6 Шоҳҷоиза, инчунин Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Инчунин 6 нафар хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, то даври ҷумҳуриявӣ расида, ғолиб омаданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.