Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

Табрикоти роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
5 ноя

Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз! Имсол Рӯзи Конститутсия бо 30 солагии истиқлоли давлатӣ рост омад, ҳамаи Шуморо ба муносибати 27 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям. Бисту ҳафт сол муқаддам дар кишвари маҳбуби мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санади тақдирсоз мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам ҷ...

Табрикоти роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
30 сен

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам! Иди касбии тарбиятгарони насли ояндасоз Рӯзи омӯзгоронро ба кулли кормандон соҳаи маорифи кишвар самимона табрик мегӯям. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад аз бехирад тира рӯзгор. Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 сен

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд! Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Дар ин лаҳзаҳои пурнишоту фараҳбахш ва пурифтихор бо камоли хушнудӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли ҳамватанони азизро ба муносибати фаро расидани 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда...

Паёми табрикии роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш
1 сен

Хонандагон устодон ва омӯзгорони муҳтарам! Инак, ба сарзамини Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи Ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз соли нави хониш қадам мегузорад. Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи ҳукумати кишвар ба аҳли илму маориф мебошад. Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону омӯзгорон, падару модарон, аҳли илму маориф, ку...

Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!
26 июн

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ Омӯзгорон ва хонандагони гиромӣ! 27 июн мардуми шарафманди тоҷик 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ба ин муносибат, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба даст омадааст, ҳамаи ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоем ...

1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 июн

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон. Кӯдакони меҳрубону саодатманд! Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 71 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам. ...

Ҷашни зафар муборак бошад, ҳамватанони азиз!
8 мая

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Пас аз чанд рӯз, яъне рӯзи 9-уми май сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан яке аз санаҳои муҳими таърихӣ 76-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин мун...

ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК БОШАД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
19 мар

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Ҳамдиёрони азиз! Иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай – ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи шумо кормандони Муасиссаи давлатии таълимии “Литсейи Президени барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” ва кулли мардуми шарифи тоҷикро самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кору саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва ф...

Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва шогирдони азиз!
5 мар

Табрикоти Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон. Модарону бонувон ва духтарони азиз!  Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафои баҳорӣ ва гармиву бедории табиат ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони азизу арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоя...

28 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
22 фев

Табрикоти Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳтарам афсарон ва сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!  Ҳамватанони азиз, Имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии бистуҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизу маҳбубамон қарор дорем. Бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому о...