Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 Июня 2021 08:06

Количество просмотров: 669

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон.

Кӯдакони меҳрубону саодатманд!

Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 71 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам.

Бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози тоҷикон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.

 Cоли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидаанд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

 Flag-Mezhdunarodnogo-dnia-detei.jpg  

Ногуфта намонад, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон парчами худашро дорад. Дар пасманзари сабз, ки рамзи рушд, ҳамоҳангӣ, тароват ва ҳосилхезиро нишон медиҳад, дар атрофи аломати Замин  шаклҳои услубии сурх, зард, кабуд, сафед ва сиёҳ ҷойгир карда шудааст. Ин шаклҳои одамон нишонаи  гуногунӣ ва таҳаммулпазириро мебошад. Рамзи Замин, ки дар марказ гузошта шудааст, аз хонаи умумии одамон дарак медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки одамон дар рӯи Замин дар фазои сулҳу субот ҳаёти осоишта ба сар бурда, фарзандони солимро барои ояндаи миллат дар рӯи ҷаҳон тарбия намоянд.

Боиси таъкид аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус бачагони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеро ба анҷом додани амалҳои хайру савоб ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд.

Имрӯзҳо, ки дар тамоми кишварҳои олам бемории сироятии коронавирус ва дигар намуди бемориҳо доман паҳн кардааст, таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат баҳри пешгирии паҳншавии ин бемориҳо ва солимии ҷомеа, аз ҷумла шумо кӯдакони азиз равона шудааст. Боварӣ дорам, ки ин рӯзҳо ба зудӣ паси сар мешаванд ва аҳли ҷомеаи ҷаҳони ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.

Фарзандони азиз!

Шумо хазинаи ояндабахши фардои зиндагӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳастед. Ҷомеа давлату ҳукумат ва ҳайати кормандони соҳаи маорифи кишвар аз Шумо насли наврас умедвор аст, ки хубу аъло хонед ва соҳиби ахлоқи намунавӣ бошед. Боварӣ дорам, ки Шумо дар оянда ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос, худогоҳ ва ворисони арзанда ба камол мерасед, миллат, забон ва Ватани азизи худро дӯст медоред ва бо он ифтихор менамоед.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кӯдакони Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дили беғаши кудакӣ ва кулли кудакони пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки дар оянда номбардори асили миллат ва Ватани хеш гардед.

Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони меҳрубон!