Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК БОШАД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

19 марта 2021 03:03

Количество просмотров: 19447

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз!
Иди байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай – ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷикро ба ҳамаи шумо кормандони Муасиссаи давлатии таълимии “Литсейи Президени барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” ва кулли мардуми шарифи тоҷикро самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кору саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва фатҳу кушоишро таманно мекунам.

Дар Иди Наврӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати бофарҳангу тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накӯӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ироа кардаанд, «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд ва имрӯз рисолати мост, ки ин суннатҳоро бо тобишу маънии тоза ба ояндагон ба мерос гузорем.

Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни муқаддаси мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии  мамлакатҳои дигар аз ҷониби  Созмони Миллали Мутаҳҳид мақоми  ҷаҳонӣ  гирифт, ва аз соли 2010 то инҷониб дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн гирифта мешавад.

Соли ёздаҳуми Наврӯзи байналмилалиро дар кишварамон таҳти раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол хоҳем гирифт. Таҳти сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат истиқболу тантанаи Наврӯз рангу ҷилои нав гирифт.

Бори дигар, омадани соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, умед дорам, ки  Наврӯз  ҷавону ҷовидон бимонад, ва аз файзу баракоти он Тоҷикистони азизу маҳбуби  мо боз ҳам шукуфон ва рӯзгори мардуми бофарҳанги тоҷик хуррамтару ободтар бошад.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!