Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикоти директори Литсейи Президентӣ

Табрикоти директори МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратзода Лайло Диловар бахшида ба 30 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 фев

Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардаду Артиши миллӣ мавқеи худро дар меҳани биҳиштосо устувор нигоҳ дошта, ба як нерӯи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балкӣ...

Паёми шодбошии директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
5 окт

Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид.  (Фирдавсӣ) “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад” Эмомалӣ Раҳмон Устодон, омӯзгорон ва ҳамватанони азиз! Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. ...

Табрикоти директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 70 - умин солгарди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5 окт

Имрӯз, 5 -уми октябр, Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 70 қадам ниҳоданд. Шуморо ба ин муносибат табрику таҳният гуфта ба Шумо Ҷаноби Олӣ тансиҳати ва рӯзгори осоиштаро таманно дорам. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи мардуми тоҷик ва тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем. Маҳз имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи...

Табрикоти директори МДТ ''Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' Ғайратзода Лайло Диловар бахшида ба Рӯзи омӯзгор
1 окт

Омӯзгорони арҷманд, Устодони гиромиқадру ҳамкасбони азиз. Бо як ҷаҳон эҳтироми хос ва самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори обод ва барору комёбӣ таманно дорам. Омӯзгор — исме, ки барои ҳар яки мо ошно, муътабар ва муқаддас мебошад. Зери ин вожаи бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва ҳидоятгару оинаи миллат таҷассум меёбад. Воқеан ҳам пешаи омӯзгорӣ касби пурифтихору заҳматталаб ва пурмасъулият б...

Табрикоти Ғайратзода Лайло Диловар - директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31 – умин солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 сен

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд. Муҳтарам омӯзгорону хонандагон! Мардуми хирадсолори тоҷик имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дарад. Бо истифода аз фурсат бо қалби пур аз ифтихор ва ихлосу фараҳмандӣ  Шуморо ба ин ҷашни фа...

Паёми шодбошии директори Литсей-интернати Президентӣ Ғайратзода Лайло Диловар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз
19 мар

Ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз! Инак боз Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон хушрӯзиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту иқболи баланд ва тамоми  хушиҳои зиндагиро орзу дорам. Ҳар як халқу миллат дорои ҷашну маросим ва анъанаҳое мебошад, ки онро дар асраи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз кору пайкори гузаштагон дарак медиҳанд. Яке аз ...

Паёми шодбошии директори Литсей-интернати Президентӣ Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати Рӯзи модарон
5 мар

Муҳтарам бонувони азиз, ҳамкасбон гиромӣ! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедоршавии табиат – ҷашни фархундаи “Рӯзи модар” фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони гиромиқадро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, некии комил, меҳру муҳаббат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, а...

Паёми шодбошии директори Литсей-интернати Президентӣ Ғайратзода Лайло Диловар ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 фев

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан, омӯзгорону хонандагони гиромӣ ва кулли мардуми Тоҷикистони азиз! Бо камоли эҳтиром Шумо родмардони Ватан, омӯзгорону хонандагон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Аз таъсисёбии Артиши миллӣ ҳамагӣ 29 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, роҳеро тай намудааст, ки он бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қиммати ҷандин даҳсоларо дорад. ...

Паёми шодбошии Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли нави мелодии 2022"
31 дек

Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва хонандагони азиз! Инак Соли нави мелодии 2022-юм фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.  Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро ба ҳар яки Шумо табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик сабт гарда...

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
23 ноя

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳамкасбон, кормандон ва шогирдони гиромӣ! Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ҳамаи шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, к...