Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва шогирдони азиз!

5 Марта 2021 02:03

Количество просмотров: 666

Табрикоти Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон.

Модарону бонувон ва духтарони азиз!

 Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафои баҳорӣ ва гармиву бедории табиат ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони азизу арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона олиҳаест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри бузурги худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Таърихи башар гувоҳ аст, ки рисолати офарандагиву тарбиятгирӣ руҳу озоду, иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида аз меҳру муҳаббат ва вуҷуди модар сарчашма мегирад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Дар васфи ин олиҳаи бузург устод Лоиқ Шерали чи зебо гуфтаанд.

Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Ин олиҳаи бузург бо ҳамин бузургиаш ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, азиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад. Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорати баланду кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони саҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Дар Муасиссаи давлатии таълимии “Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” модарону бонувони зиёде ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати босазое карда истодаанд. Дар Муасиссаи таълимӣ аксаран омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд. Онҳо тамоми саъю талоши худро баҳри донишомӯзии шогирдон сафарбар намуда, хонандагонро барои иштирок дар ҳама гуна чорабиниҳо ва олимпиадаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ равона месозанд. Боиси хушнудист, ки бо заҳмату талошҳои зиёди онҳо хонандагони Литсей бо беҳтарин натиҷаҳои назаррас расидаанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Мо вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар хусусан шоирон, нависандагон, олимони бузурги мо аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шуданд ва ба беҳтарин мартаба расида дар руи олам то абад номи онҳо ёд мешаванд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем”.

Бо истифода аз фурсат, изҳор менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону шогирдони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрику таҳният мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва шогирдони азиз!