2021 | 2022 | 2023 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 3 | 4 | 5 | 6 | ||
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
24 | 25 | 27 | ||||
28 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Шаби 20 ва 21 декабр тӯлонитарин шаби соли 2020 аст. Офтоб ҳамагӣ 8 соат нур мепошад ва пас аз он тӯлонитарин шаби сол фаро мерасад. Ва фардо, 21 декабр, рӯзи кӯтоҳтарини сол хоҳад буд. Аз замонҳои қадим аҷдодони мо ин рӯзро ҳамчун Шаби Чилла - оғози зимистон ҷашн мегирифтанд. Дар Эрон ин шабро Шаби Ялдо меноманд. Дар ин шаб одат шудааст, ки ашъори Ҳофизи бузургро хонда, ба дастархони идона анор, тарбуз ва дигар хӯрокҳои махсус мегузоранд. Шаби Ялдо ё шаби Чилла баландта...
Тавре иттилоъ дода будем, 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 269 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, х...
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд, ки дар маросими ифтитоҳии он Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр...
Рӯзҳои 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад. Дар натиҷаи ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони даври сеюми озмун дар даври чорум-даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Даври ҷамъбастии озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати комиссияи ҷ...
Аз 7 то 15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ 5 ...
Дар Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими муаррифии барномаи электронии «eDonish» баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомот...
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24 ноябр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи на...
Ҳамватанони азиз! Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад. Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони...
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳамдиёрони арҷманд! Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ буда, ҳамчун нишони эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори...
Хонандагони литсейи Президентӣ ба тариқи фосилавӣ дар XII-умин олимпиадаи Байналмилалии ш. Анталияи Туркия ширкат намуда соҳиби 10 ҷой гардиданд. Дар ин олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони литсей аз фанни забони англисӣ 5 нафар, биология 3 нафар ва математика 2 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҷойи I - 3 нафар Ҷойи II - 4 нафар Ҷойи III - 3 нафар