Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРУ САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ!». Таҳти чунин унвон дар «Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРУ САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ!». Таҳти чунин унвон дар «Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид «ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРУ САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ!». Таҳти чунин унвон дар «Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид «ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРУ САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ!». Таҳти чунин унвон дар «Литсей - интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид

31.01.2022

Количество просмотров: 7502

Имрӯз бахшида ба ҷашни бостонии Сада дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Оташи ҷашни Сада оташи меҳру садоқат ба Ватан аст» бо иштироки устодону, омӯзгорон, ва хонандагони фаъоли литсей чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатулои Исмоил иброз дошт, ки Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллии ориёитаборон ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик дар баҳман - моҳи 11-уми солшумории шамсӣ, ки ба 21 январ - 20 феврал рост меояд, ҷашн мегиранд. Дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии абармандони тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ ва дигарон оид ба иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Сада - ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Яъне ҷашни Сада оғозбахши мавсими нави кор барои мардуми заҳматқарин мебошад. Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав эҳё намудану ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо қарзи ҳар фарди тоҷик — онҳоест, ки ин Ватанро дӯст медоранду худро вориси ояндаи он мешуморанд.

 photo_2022-01-31_14-48-22.jpg  

Новобаста аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур яъне аз қадим то ба имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Эҳёи таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Шукргузорӣ аз он мекунем, ки имрӯз бо шарофати даъвату ҳидояти Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки бешубҳа, ин боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хосса  насли наврас мегардад.

Чуноне ки Пешвои миллат иброз доштанд, «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Дар чорабини мазкур хонандагони литсейи бо шеъру сурудҳои пурмазмуни худ иштирок намуда аҳли нишастагонро болидахотир намуданд.

272968137_497655535037020_6200345862415511568_n.jpg

273145216_497655081703732_7067429813709257135_n.jpg

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон