Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Вохурии хонандагони Литсей бо устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

02.02.2022

Количество просмотров: 5107

  Бо мақсади пешгирии хонандагон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа дар толори литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманди хонандагони синфҳои 9-11 ва омӯзгорон бо устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ номзади илмҳои сиёсӣ мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Амиров Толиб ва мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Сангов Шерафган баргузор гардид.

    Номзади илмҳои сиёсӣ Амиров Толиб вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон боз ҳам хубтар хонда парчамбардори давлату миллати хеш бошанд.
Сангов Шерафган вобаста ба дастовардҳои замони Истиқлолият, сулҳу субот дар кишвар, оид ба маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ сухан гуфта, кайд кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. Интернетро ба корде шабеҳ намуд, ки истифодабаранда метавонад ба воситаи корд картошкаю пиёз ва дигар маҳсулотҳоро тоза намуда, хӯроки болазате омода намояд, аммо дар сурати хуб истифода бурда натавонистани корд, мумкин аст, ки аз он ҷароҳате бардорад. Бинобар ин бояд интернетро самаранок ва бомақсад истифода намуд.
Дар охир муовини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатулло меҳмононро барои ҳамкорӣ ва суҳбати самимӣ аз номи маъмурияти муассиса изҳори сипос баён намуд.


273016220_498967211572519_9975489535322246_n.jpg


Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон