Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ” дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.09.2022

Количество просмотров: 3358

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш омӯзгорон, устодон ва хонандагони фаъоли литсей ширкат варзиданд. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни забон ва адабиёти литсей Сиддиқзода Баракатуло Исмоил суханронӣ намуда, табрикоти директори литсей Ғайратзода Лайло Диловарро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳозирин ироа намуд.

Зикр гардид, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ», бо тантана қайд мегардад. Тавре, ки маълум аст, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз саромадони шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор аст.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат  барҳақ таъкид намуданд, «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем». Дар идомаи ҳамоиши мазкур омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ва хонандагони литсей  баромад намуда, аз бузургии Одамушшуаро Абубӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ёд намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад ғазал ва суруду таронаҳо тақдими ҳаводорони осори безаволи Маликушшуаро Рӯдакӣ гардид.

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон