Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 7 то 15 декабр дар Душанбе доир мегардад

25 ноября 2020 09:11

Количество просмотров: 13570

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24 ноябр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои ҳакамони даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланд доир намудани даври ниҳоии озмун, ки аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад ва муаррифии ҳайати ҳакамон, муайян намудани тартиби баҳогузорӣ ба маҳорат ва истеъдоди довталабон тибқи Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ гардиданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода сухан гуфта, ин иқдоми созандаи Сарвари давлатро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Мақсад аз ҷаласаи корӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 тасдиқ шудааст.

АМИТ «Ховар».⁠