Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш омӯзгорон, устодон ва хонандагони фаъоли литсей ширкат варзиданд. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни забон ва адабиёти литсей Сиддиқзода Баракатуло Исмоил суханронӣ...
Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти томактабии назди Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Ҳамаи омӯзгорон ва кӯдакони фаъол дар ин чорабинӣ иштирок ва ҳунарномаи карданд. Кӯдакони бо он лафзи ширини зебои кӯдакона шеъру ғазалҳоро пешкаш намуда ва бо як хурсандӣ ин чорабиниро ҷашн гирифтанд.
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд» барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин чорабини ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассиса ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон пешкаши ҳозирин гарди...
Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино номзади илми биология, устоди калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои гинетикӣ Шахсуфбекова Оммниссо Мамадназаровна, ассисент Умарова Озода Умаровна, ассисент Мамаднабиева Мадина Шоҳмаҳмадовна омӯзгорон ва хонандагон вохӯрӣ дар мавзуи "Нашъамандӣ - вабои аср" гузаронида шуд.
Дар МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки подполковник Халифаева Мушкинисо афсари калони Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, Майор Холиқова Гулбахор афсари калони шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шахри Душанбе, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 2 ва 4 семинари омӯзишӣ дар мавзуи "Бехатарӣ ҳангоми офатҳои табиӣ" гузаронида шуд. Маъмур...
Имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" шанбегии умумӣ бо иштироки роҳбарияти муассиса, кормандон ва омӯзгорон ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти баргузории шанбегӣ гирду атроф ва роҳравҳои бинои Муассисаи таълимӣ рӯбучин карда шуда, инчунин бехҳои гулу буттаҳо ва дарахтони ороиширо нарму тоза гардонида, ҷӯйборҳоро тозаву озода намуданд.
Санаи 15.04.2022 бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмотбозони наврас бо иштироки хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорону мураббиён доир гардид. Ин мусобиқаро Омӯзгори тарбияи ҷисмонии литсей Мирзоев Маҳмадалӣ роҳбари намуда зикр намуданд, ки хонандагони бо як завқи баланд ва таёрии хуб ҷамъ омаданд. Аз ҷумла хонандагон аз ин намудаи варзиш байни якдигар сабқат намуда ва истеъдоду ҳунари...
Субҳи имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт чорабинии фарҳанги ва бадеӣ бо иштироки ҳайати кормандону хонандагон ва омӯзгорон дар сатҳи баланд доир гардид. Чорабинии мазкурро Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатуло Исмоил ва Раиси созмони хонандагони литсей Усмонов Абулхайр ҳусни оғоз бахшиданд. Сиддиқзода Баракатуло Исмоил ҳамаи ҳозиринро ба ин муносибат аз номи роҳбарияти муассисаи таълимӣ табрику таҳният намуда ва ба онҳо барор...
Санаи 12.04.2022 дар МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон дарси кушоди тарбиявӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфи 2-и литсей бо роҳбарии муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Умарова Назира баргузор гардид. Зимни баргузории ин дарс Умарова Назира ҳамаи ҳозиринро ба ин ин рӯз табрик намуданд ва қайд намуданд, ки Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ ба хотири таҷлил аз оғози ...
Роҳбарият ва кулли кормандони Муассисаи давлатии таълимии ”Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободкориву созандагӣ ва бадин васила дар зебову хуррамгардонии ҳар гушаи диёри биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар литсей дар баробари корҳои самти тадрис...