Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Дарси тарбиявии муаллима Умарова Назира бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон дар синфи 2 г Литсей-интернати Президентӣ

12.04.2022

Количество просмотров: 5710

Санаи 12.04.2022 дар МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон дарси кушоди тарбиявӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфи 2-и литсей бо роҳбарии муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Умарова Назира  баргузор гардид. Зимни баргузории ин дарс Умарова Назира ҳамаи ҳозиринро ба ин ин рӯз табрик намуданд ва қайд намуданд, ки Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аз ҷониби Ассамблеяи генералии  СММ ба хотири таҷлил аз оғози давраи кайҳонӣ барои инсоният эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, 12 апрели соли 1961, кайҳоннаварди  шӯравӣ Юрий Гагарин дар таърихи инсоният аввалин парвози кайҳонӣ анҷом дод. 

Сипас хонандагон лоиҳаҳои худро пешкаши ҳозирин намуда ва дар бораи Юрий Алексеевич Гагарин суханрони намуда ва ёдовар шуданд, ки маҳз дар ҳамин киштӣ  12 апрели соли 1961 халабон-кайҳоннаварди СССР Юрий Алексеевич Гагарин аввалин шуда, ба коинот парвоз кард, ва қайд карда шуд, ки Киштӣ соати 09:07-и вақти Москва аз космодроми шӯравии  Байконур, воқеъ дар Қазоқистон ба фазо cap дода шуд, ва муваффақона ба Замин баргашт. Ин парвоз натиҷаи меҳнати миллионҳо нафар одамон аз тамоми ИҶШС ва рамзи комёбиҳои илмӣ-техникии мамлакати пахновар буд.

278506890_541682873967619_932891015865428391_n.jpg

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон