01.06.2022
Количество просмотров: 1716
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд» барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабини ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассиса ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон пешкаши ҳозирин гардид. Ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.
Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон