Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба волидайн

Дар Душанбе даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2021», «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-2021» баргузор мегардад
22 дек

Шурӯъ аз имрӯз то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021»  22-24 декабр,  «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом...

ПРЕЗИДЕНТИ ОРМОНУ УМЕДҲО
16 ноя

Саҳифаҳои таърихро қиссаҳои рангини қаҳрамониҳои қаҳрамонон, корнамоиҳои ҷоннисорон, амалҳои ҷасуронаи фарзонафарзандон, ғалабаҳои тақдирсози шуҷоатмандон ва хираду заковати ҳомиёни халқ ҳамеша ҷило мебахшанду омӯзанда мегардонанд. Бо ин манзур таърихи навини давлатдории тоҷиконро баъди садсолаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷило бахшида тавонистанд, ки алакай бо ҳукми таърих касеву чизе онро инкор карда наметавонад. Ин абармард қаҳрамонӣ кард, корнамоӣ нишон дод, бо ҷасорат миёни обу о...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
15 ноя

Ҳамкасбон азиз, шогирдони мӯҳтарам. Ҳамаи Шумо ва кулли мардуми азизро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон” ва 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта , ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат , файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азиз сулҳу сафо ва шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд , руйдоди м...

Суханронӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
9 сен

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд. И...

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бахшида ба Рӯзи дониш
1 сен

Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар! Устодону донишҷӯён ва хонандагони азиз! Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони маҳбуб, дар нахустрӯзи соли нави таҳсил – 1 сентябр, Рӯзи дониш таҷлил ва Дарси сулҳ доир мешавад, ки ин сана барои тамоми донишандӯзон басо рамзист, зеро муҳимтарин ҳадафи таҳсил андӯхтани илму дониш аст.  Таҷлили имсолаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои тамоми аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳ...

1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рўзи дониш таҷлил мешавад
16 авг

Дар Рўзи дониш - 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, таълим тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора сармутахасcиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабохон  Одилова иттилоъ дод. Мавсуф иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 таътил дар Тоҷикистон қабл аз муҳлати муқаррарӣ оғоз гардида буд ва соли хониши 2020-2021 аз 17 август шурўъ шуд. Ин ҳолат бо сабаби пешгир...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мулоқот намуданд
21 мая

21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни р...

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021
15 мар

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишон...

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 мар

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 5 марти соли 2021 №74 ш. Душанбе Дар бораи директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Ғайратзода Л.Д. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Ғайратзода Лайло Диловар директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад. ...

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 мар

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 5 марти соли 2021 №67 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи директори муассисаи давлатии «Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Исмоилзода Б.М. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Исмоилзода Баҳром Мансур аз вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии «Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳу...