Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба волидайн

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН
8 окт

Андешаҳо дар бораи номзаде, ки дар дилу дидаи мардум ошён доранд. То баргузории интихоботи президентӣ рӯзҳои башумор мондааст. Барои баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ имкони мусоид фароҳам буда, дилхоҳ номзад метавонад иқдомҳои дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ пешбинишударо вобаста ба тарғиб амалӣ созад. Руҳияи мардум низ болида ва эътимодашон ба фардои дурахшони мамлакат қавӣ аст. Табиист, ки дар дилхоҳ интихобот, сарфи назар аз тарғибу ташвиқи номзадҳо хулосаи ниҳоиро мардум мебароранд...

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 5500 - солагии Саразм
14 сен

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям. Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ой...

Пешвои миллат: «Сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад»
17 авг

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни суханронӣ дар муассисаи таълимӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла   зикр намуданд, ки бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломати...

МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ХОНАНДАГОН, ДОНИШҶӮЁН, УСТОДОН, ОМӮЗГОРОН, ПАДАРУ МОДАРОН ВА АҲЛИ МАОРИФИ КИШВАР
21 мая

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми кишвар, тавре ки огаҳӣ дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, вориди кишвари мо низ гардид.  Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. Вазорат бо андӯҳи гарон ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабру бурдборӣ хоҳон аст.  Бемории мазкур имрӯз тамоми ...

Худ ва наздиконатро ҳифз намо!
4 мая

«Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксияи тарғиботӣ  роҳандозӣ кард.  Аксияи мазкур  бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он  мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии ка...

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН… Ниёгони мо дар пайдоиш, инкишоф ва густариши бархе шохаҳои муҳими илм нақши арзанда доранд
14 апр

Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.    Дар зер дар робита б...

Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ
30 мар

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф, ки 18 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, миёни аҳли зиё ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Дар зер андешаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ-ро дар ҳошияи ин суханронии пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон менамоем. Муқаддима Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад д...

«ДАҲИ НАВРӮЗ» — АНЪАНАИ ҚАДИМИ ТОҶИКОН. Дар ин айём мардум ба поккорӣ ва ба тартиб овардани манзили зисту маҳаллаҳояшон машғул мешуданд
20 мар

Анъанаҳои зебою  пур аз ҳикмати  тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон  беҳисобанд. Аз ҷумла,  ниёгони мо  аз  қадимулайём  дар  ин давра анъанаеро  ба ҷо меоранд, ки    дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад.  — Дар «Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳои худро берун бароварда,  хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву гилем сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шӯълаи  офтоб &n...

Эмомалӣ Раҳмон «Кумитаи телевизион ва радио дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ таъсис диҳад»
18 мар

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дар мулоқот бо олимони мамлакат Кумитаи телевизион ва радиоро вазифадор намуд, ки дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ  таъсис диҳад. Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар шабакаи мазкур ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳ...

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад....
16 мар

«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст» Эмомалӣ Раҳмон Наврўз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад, Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз, Мурғи...