Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ба волидайн

АРТИШИ МИЛЛӢ— СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
21 фев

   Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардум, истиқлолият ва якпорчагии марзу буми Ватанро аз душманони ошкору пинҳон ҳифз менамояд.    Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қа...

ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст
14 фев

«Шоистаи ибрат ва ифтихори миллии мо, тоҷикон он аст, ки тозатарин ташаббус ва саҳифаи нави эҳёи арҷгузорӣ ба китоб ва тақдими китоб  дар дунёи мутамаддини имрӯз ба Пешвои миллати мо, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  тааллуқ дорад. Пешвои миллати тоҷикон дар Паёми навини худ манзур доштанд, ки  китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо теъдоди миллионҳо нусха интишор дода, аз номи худ ба ҳар хонадони аҳолии мамлакат тақдим медоранд.  Ин падидаи беназиру бесобиқа дар таърих аст, ки аз арҷг...

Барои Шоҳҷоизаи озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст
12 фев

Имсол барои Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои Шоҳҷоизаи озмун 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст. Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2019 баргузор шуд. Он аз рӯи панҷ номинатси я- оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида, Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ муқаррар шуда буд. ...

Дар Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид
11 фев

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид. Китоби мазкур аз натиҷаи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки моҳи декабри соли 2019  дар шаҳри Алмаато доир гардид, ба табъ расида, дар он маҷмӯи мақолаҳои илмии олимон ва муҳаққиқони тоҷику қазоқ оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, сол...

НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР
10 фев

МУХТАСАРИ ШАРҲИ ҲОЛ  Исмоилзода Баҳром Мансур 12 июни соли 1975 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1992, пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Темурмалик ба факултаи математикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Соли 1994 аз тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намуд.       Фаъолияти ме...

ТУЛӮИ ТОЗАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Ва ё озмуне, ки мактаби худшиносии миллӣ ва иди фарҳангу адаб хоҳад буд
9 фев

Хеле ҷолиб аст, ки ҳанӯз аз Паёми навини Пешвои миллатамон  муддате чандон нагузашта, мо шоҳиди дар амал ҷорӣ гардидани нуктаҳои нурбори ин Паёми фарогир ва чун ҳамеша тақдирсоз мегардем. Амрҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи  нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар идомаи Паёми Президентамон  як  барномаи нави фарогири маънавии халқи тоҷикро  дар соли равон фароҳам оварданд. Дар робита ба ин иқ...

Нашриёти «Адиб» ҳафтаи шашум аст, ки намоиш-фурӯши китоб доир менамояд
8 фев

Имрӯз ҳафтаи шашум аст, ки Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобро дар шаҳри Душанбе доир менамояд. Тавре хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат ва Абдураҳими  Абдуқаҳҳор  гузориш медиҳанд, имрӯз дар намоиш-фурӯши китоб дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омаданд. Онҳо имкон доштанд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шин...

Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ
7 фев

Ин китоб соли 2017 чоп шудааст ва барои хоннадагони навраси худ, ки дар толори кӯдакону наврасон саргарми мутолиа мешаванд, тавсия медиҳем. Донистани фарҳанги номҳои миллӣ хеле муҳим аст, то руҳияи милли мо боло гирад, аз номгузориҳои бегона парҳез кунем. Муаллифон дар муқаддима овардаанд: “Номхо аз умқи забон маншаъ гирифта, забони гўёи суннатҳо, расму анъана ва фархангхо маҳсуб меёбанд. Ҳар номе, ки бунёди қадимӣ дорад, чун нигорае дар осорхонаи манънавии ҳар қавму миллат, намоишдиҳандаи раванди инкишофи таъри...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров
6 фев

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1.Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад. 2.Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,...

КИТОБИ НАВ Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ
4 фев

 Дар нашриёти «Контраст» — и   шаҳри Душанбе  нашри  дуюми    такмилёфтаи    китоби  дипломати  тоҷик,  доктори   илмҳои  таърих    Зафар  Сайидзода  бо  номи  «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар  ҳаҷми  640  саҳифа ба забони тоҷикӣ  аз чоп баромад.    Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ&n...