2002 | 2003 | 2004 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таранумгари сухан» оғоз гардид, ки он то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали мазкур ба ҳукми анъана даромада, дар ҷараёни он баргузории намоиши китобҳои тозанашр ва дастранҷи бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар дошта шудааст. ...
Рӯзе муаллимаи синфи панҷ ба шогирдонаш хитоб карда гуфт: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Дар ҳоле ки ғайриихтиёр яке аз шогирдонашро бо номи Тедди фаромӯш кард. Чунки Тедди андак бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид, илова бар ин, одобаш хуб не. Инро муаллимаи ӯ дар рафти соли хониш пайхас кард. Ҳамчунин, муаллима пай мебурд, ки Тедди танбал асту бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доимо баҳои ду мегирад, Рӯзе аз рӯзҳо муаллима хост, ки бо асноди шахсии шогирдон ошно шавад ва дар бораи онҳо маълум...
Имрӯз, 31 март таътили баҳории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 март оғоз гардида буд, анҷом меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҳафтаи истироҳатӣ барои хонандагон як зумра барномаҳо доир намуд, то онҳо дар ин давра ба корҳои беҳуда овора нашаванд. Дар давраи таътил баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон ва самаранок гузаронидани вақти онҳо бо масъулияти баланд муносибат намуданд. Зеро ин ҳамкории муфид сабаби бала...
Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли 751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузошта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд- Абулмуслим сипоҳи худ...
Одамизод дар ҳар давру замон, дар ҳама синну сол ба тарбия ниёз дорад. Агар ба даврони гузашта назар андозем, дар замонҳои қадим ҳам ахлоқу маънавиёти одамӣ гоҳ-гоҳе рў ба костагӣ оварда буд, ки боиси таълифи асарҳои зиёди тарбиявию ахлоқӣ, аз ҷумла «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Пирўзнома», «Таҳзиби ахлоқ», «Футувватномаи султонӣ», «Қобуснома», «Синбоднома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Кимиёи саодат», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон», «Бўстон» ва «Баҳористон» гардидааст.  ...
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф, ки 18 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, миёни аҳли зиё ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Дар зер андешаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ-ро дар ҳошияи ин суханронии пурмуҳтаво пешниҳоди хонандагон менамоем. Муқаддима Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад д...
На танҳо китобҳои забон ва адабиёти тоҷик, балки забони китобҳо аз дигар фанҳои таълимӣ низ таҳрирталабанд. Баъзе китобҳои фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ аз русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, ки табиати фикри тоҷикӣ надоранд. Дарк кардани маънии матн дар чунин китобҳо хеле душвор аст. Ин ва дигар андешаю пешниҳодҳои директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА-ро дар зер манзури хонандагон мегардонем. Дар мулоқоти навбатӣ Президенти мамлакат му...
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Таҷлили Наврӯзи баналмилалӣ ин арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишвар ва вусъат бахшидани раванди...
21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандаг...
Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. — Дар «Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаҳои худро берун бароварда, хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву гилем сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шӯълаи офтоб &n...