Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз меёбад

20 Марта 2020 11:03

Количество просмотров: 7229

21 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили баҳорӣ оғоз шуда, то 31 март идома меёбад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод.

Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Тибқи тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даври якуми он моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, марказҳои деҳот ва шаҳрак баргузор карда мешавад. Аз ин рӯ хонандагоне, ки дар озмуни мазкур иштирок карданиянд, бояд дар давраи таътил ба он омодагӣ бинанд.

Таътил барои хонандагон бо мақсади  истироҳат  кардан  муқаррар шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки хонандагон  ин давраро  фақат бо тамошои телевизор  ва бозӣ кардан дар кӯча гузаронанд.

Ба андешаи масъулини соҳаи маориф, дар ин давра  падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳатҳо ташкил намуда, бачаҳоро  ба тамошои  ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо  баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.

Хуб мешуд, агар хонандагон дар давраи таътили баҳорӣ  бештар  ба  мутолиаи  асарҳои бадеӣ   машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.