Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсей - интернати Президентӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз

20 Марта 2020 12:03

Количество просмотров: 8029

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.
Имрӯз ҷашни миллии мо - Наврӯз, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Таҷлили Наврӯзи баналмилалӣ ин арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишвар ва вусъат бахшидани раванди бунёдкорӣ дар Ватани маҳбубамон мегардад. Имсол ҳам Наврӯзи эҳёгару хушқадам бо шукуҳу шаҳомати хоси худ ба сарзамини зебоманзару биҳиштосои тоҷикон бо пайки шодию сурур, муждаи оғози зиндагии тозаи кавну макон, бо навгониҳо ва навпардозиҳои худ ворид гардида, ба дилҳо умеди навро барои зиндагию созандагӣ арзонӣ медорад.

Омӯзгорони гиромӣ

Ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро барои ҳар кадоме аз Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва барори кору ободии рӯзгор таманно мекунем!

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  аз Наврӯз то Наврӯзи дигар зеботару шукуфотар гардад. Ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, иқболи баланду толеи нек  ва тани сиҳату рӯзгори осуда орзу намуда, ин Наврӯзи фархундапайро бароятон самимона муборакбод гуфта, баҳратон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо таманно дорем!

Наврӯзатон фархундаву муборак бод, омӯзгорони азиз!

Бо камоли эҳтиром,
Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон"