Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Қиссае барои омӯзгор

2 апреля 2020 10:04

Количество просмотров: 18704

Рӯзе муаллимаи синфи панҷ  ба шогирдонаш хитоб карда гуфт: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Дар ҳоле ки ғайриихтиёр яке аз шогирдонашро бо номи Тедди фаромӯш кард. Чунки Тедди андак бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид, илова бар ин, одобаш хуб не.
Инро муаллимаи ӯ дар рафти соли хониш пайхас кард. Ҳамчунин, муаллима пай мебурд, ки Тедди танбал асту бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доимо баҳои ду мегирад,
Рӯзе аз рӯзҳо муаллима хост, ки бо асноди шахсии шогирдон ошно шавад ва дар бораи онҳо маълумоти бештар дошта бошад. Муаллима ҳуҷҷатҳоро варақ зада мехонд ва ҳамин ки асноди Теддиро хонд, дар ҳайрат монд: Муаллими синфи якумаш аз чӣ бошад, навишта буд, ки Тедди кӯдаки зираку доно буда, мавзӯъҳоро ба хубӣ мефаҳмад ва ба дарсҳо ҳамеша тайёр асту ба саволҳо ҷавоб медиҳад. Муаллими синфи дуюм навишта буд, ки Тедди талабаи ҳушёру ботамиз аст ва ҳамсабақонаш ӯро дӯст медоранд, аммо шояд аз он ки модараш гирифтори саратон аст, дар ӯ осори каме нороҳатӣ ҳис мешавад.
Муаллими синфи сеюм навишта буд, ки дар хона нисбат ба Тедди бояд чораҳои махсус андешанд, зеро баъди вафоти модараш хеле ғамгину рӯҳафтода аст ва падараш ба ӯ аҳамият намедиҳад. Муаллими синфи чорум навишта буд, ки Тедди писари бесаводу беодоб буда, бо ҳеҷ яке аз ҳамсабақонаш дӯстӣ надорад ва ҳангоми дарсҳо хобаш мебарад. Баъди ин муаллима Томсон мушкили Теддиро фаҳмид ва хиҷолат кашид.  Муаллима муносибаташро ба шогирдаш Тедди дигар намуд.
Дар зодрӯзи муаллима ҳамаи шогирдон ба ӯ дар қуттиҳои зебо ва ороишёфта туҳфаҳо супурданд, Тедди бошад, дар халтачаи одии селофанӣ, ки дар мағозаҳо ба харидорон ройгон медиҳанд, либос ва шишаи атреро, ки аз ним бештараш истифода шуда буд, ба муаллима ҳадя кард. Ҳамсабақонаш ин ҳолатро дида, ба ҳоли ӯ хандиданд, аммо муаллима дарҳол бо овози хуш ва табъи болида аз Тедди изҳорӣ миннатдорӣ намуд. Баъди ин синфро оромӣ фаро гирифт ва ҳама хомӯш монданд. 
Муаллима дар хона он куртаро бар тан карду он атрро истифода намуд. Тедди бисёр хушҳол шуда, баъд аз анҷоми дарс чун ҳарвақта ба хонаашон нарафт ва бо муаллима монд. Ӯ назди муаллима омада гуфт, ки аз шумо бӯйи модарам ба машом мерасад. Ҳамин ки Тедди ин суханро гуфт, муаллима дарҳол ӯро дар оғӯш гирифта, эҳсосоташро нигоҳ дошта натавонист ва гиря кард. Охир, Тедди либос ва атри модари марҳумашро ба муаллима ҳадя карда буд.
Баъди ин муаллима нисбат ба Тедди эҳтироми бештар пайдо кард ва ҳамеша ба ӯ ёрӣ мерасонд. Дар натиҷа Тедди дубора босавод шуду зираку доно гашт ва дар охири сол аз ҳамаи фанҳо баҳои панҷ (аъло) гирифт.
Рӯзе аз рӯзҳо муаллима варақчаеро дар паси дар овехта дид, ки дар он навишта шуда буд: «Шумо беҳтарин муаллима дар ҳаётам ҳастед! Шогирди шумо Тедди».
 Дар ҷавоб муаллима навишт, ки «Ин туӣ, ки маро таълим додӣ, то муаллимаи хубе шавам».
Баъди аз чанд сол рӯзе ба муаллима аз донишгоҳи тиббии шаҳрашон даъватномае омад. Дар он ӯро ба маҳфиле даъват мекарданд, ки донишҷӯёни хатмкунанда ташкил кардаанд. Дар охир чанд сатр: «Фарзанди шумо Тедди».
Муаллима ба маҳфил ҳозир шуд, бо ҳамон либосе, ки Тедди туҳфа карда буд ва аз он бӯйи атри махсус меомад. 
Оё медонед, ки ҳоло Теддӣ кист?
Тедди Штудард яке аз олимони машҳур, табиби номист, ки соҳиби маркази «Штудард” барои муолиҷаи бемориҳои саратон аст.
Масъала ин аст, ки ояндаи дурахшон ва пурсамари чӣ қадар кӯдакон аз беаҳамиятӣ ва муомилаи баду нодурусти мо, муаллимон, аз даст рафтааст?! Ояндаи чанд нафар муҳассилинро барбод додаем?!

(Тарҷума аз арабӣ, бознашр аз ҳафтаномаи 
«Озодагон»,
14 феврали соли 2018)