2019 | 2020 | 2021 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
30 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 19 | 20 | |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 1 | 2 | 3 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Хеле ҷолиб аст, ки ҳанӯз аз Паёми навини Пешвои миллатамон муддате чандон нагузашта, мо шоҳиди дар амал ҷорӣ гардидани нуктаҳои нурбори ин Паёми фарогир ва чун ҳамеша тақдирсоз мегардем. Амрҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» дар идомаи Паёми Президентамон як барномаи нави фарогири маънавии халқи тоҷикро дар соли равон фароҳам оварданд. Дар робита ба ин иқ...
Имрӯз ҳафтаи шашум аст, ки Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобро дар шаҳри Душанбе доир менамояд. Тавре хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат ва Абдураҳими Абдуқаҳҳор гузориш медиҳанд, имрӯз дар намоиш-фурӯши китоб дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омаданд. Онҳо имкон доштанд, ки дар китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта, бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шин...
Оид ба анҷоми соли таҳсили 2019-2020, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2020 №346, ш. Душанбе Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (...
Ин китоб соли 2017 чоп шудааст ва барои хоннадагони навраси худ, ки дар толори кӯдакону наврасон саргарми мутолиа мешаванд, тавсия медиҳем. Донистани фарҳанги номҳои миллӣ хеле муҳим аст, то руҳияи милли мо боло гирад, аз номгузориҳои бегона парҳез кунем. Муаллифон дар муқаддима овардаанд: “Номхо аз умқи забон маншаъ гирифта, забони гўёи суннатҳо, расму анъана ва фархангхо маҳсуб меёбанд. Ҳар номе, ки бунёди қадимӣ дорад, чун нигорае дар осорхонаи манънавии ҳар қавму миллат, намоишдиҳандаи раванди инкишофи таъри...
Ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст. Вобаста ба ин 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ёдовар мешавем, ки соли 2019 маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медод. Бояд гуфт, ки озм...
Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар партави ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, дирӯз бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханва...
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1.Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад. 2.Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,...
Нозир Арабзода дар Теҳрон чоп шуд Нозир Арабзода дар корномаи илмӣ ва пажӯҳишии худ осори зиёде дар ҳавзаи муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафа дорад, ки пажӯҳишҳои бунёдӣ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин аз ин устоди фақид беш аз 30 мақолаи илмӣ дар Донишномаи шӯравии тоҷик ба ёдгор мондааст, ки бештар ба ҳавзаи мафоҳим ва м...
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2020- 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахши вилоятии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар майдони марказии шаҳри Хоруғ Озмуни ихтироъкорон ва навоварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баргузор намуд. Дар ҷамъбасти озмун ихтирои Воҳид Ғуломҳайдаров-трактори хурд ҷои аввалро гирифта, бо ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Ихтироъкорони наврас Ҳиммат Шогуниев...
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020 озмун эълон намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бино ба хабари манбаъ, ба диққати сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ расонида мешав...