Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7 февраля 2020 10:02

Количество просмотров: 29649

Оид ба анҷоми соли таҳсили 2019-2020, аттестатсияи аз синф ба  синф гузаронидан
ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 январи соли 2020  №346,  ш. Душанбе

Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/26) мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014, №145) ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 6 июни соли 2020 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 13 июни соли 2020 ба анҷом расонида шавад.

2. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 15 июн то 22 июни соли 2020 гузаронида шавад (Замимаи 1).

2.1. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона  аз 15 июн то 20 июни соли 2020 гузаронида шавад (Замимаи 2).

3. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 16 июн то 22 июни соли 2020 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад (Замимаи 3).

3.1. Барои равияи умумӣ-“Алгебра” (хаттӣ) - 16 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Химия” (тест) - 20 июн.

3.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Таърихи халқи тоҷик” (тест) - 16 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-20 июн.

3.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ)-16 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-18 июн, “Химия” (тест)-20 июн.

3.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ)-16 июн, “Забони русӣ” (диктант)-18 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (тест)-20 июн.

4. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 15 июн то 23 июн аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад:

Барои синфи 10: “Забони русӣ” (диктант) – 15 июн, “Адабиёт” (шифоҳӣ) - 17 июн, “Алгебра” (хаттӣ) – 20 июн.

Барои синфи 11: “Алгебра” (хаттӣ)-15 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-18 июн, “Адабиёт” (эссе)-22 июн.

5. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 15 то 26 июни  соли 2020 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад :

5.1. Барои синфи 9 (таҳсили рӯзона): «Адабиёт» (эссе)-15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ) -19 июн, “Забони русӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (диктант) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ-22 июн ва “Физика” (шифоҳӣ)-24 июн (Замимаи 4).

5.2. Барои синфи 9 (таҳсили ғоибона) «Адабиёт» (эссе)-16 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-18 июн, “Физика” (шифоҳӣ) -20 июн, “Забони русӣ” (диктант)-23 июн ва “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-25 июн (Замимаи 4).

6. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 15-27 июни соли 2020 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад (Замимаи 5).

6.1. Барои равияи умумӣ “Таърихи халқи тоҷик”(тест)- 15 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт”(эссе)-19 июн, “Химия” (тест)- 22 июн, “Алгебра” (хаттӣ)- 24 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ-26 июн.

6.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ -15 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-19 июн, “Ҳуқуқи инсон” (тест)-22 июн, “Алгебра” (хаттӣ) -24 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-26 июн.

6.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Физика” (шифоҳӣ)-15 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-19 июн, “Химия” (тест)-22 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-24 июн, “Геометрия” (шифоҳӣ)-26 июн.

6.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Физика” (шифоҳӣ)-15 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-19 июн, “Химия” (тест)-22 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-24 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-26 июн.

6.5. Барои синфи 12 (таҳсили ғоибона): “Химия” (тест)-16 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-18 июн, “Адабиёт” (эссе)-20 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-23 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-25 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-26 июн.

7. Ба директорони муассисаҳои таълимие, ки зиёда аз 3 синфи мувозӣ (параллелӣ) доранд, иҷозат дода мешавад, ки муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ 3 рӯз тамдид намоянд.

8. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Муассисаи таълимии назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар Тоҷикистон ва синфҳои таълимашон бо забони хориҷии мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи фармоиши мазкур аз рӯи маводи пешниҳоднамудаи ин муассисаҳо баъди мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

9. Ба директорони литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов ва Муассисаи давлатии гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир” бо назардошти хусусияти таълими ҳарбӣ доштан муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм аз 15 июн то 30 июн муқаррар гардида, иҷозат дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои педагогӣ иловатан аттестатсияи тахассусӣ (то 2 фан) ворид намоянд.

10. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 (ба истиснои синфҳои 5-11 мактаби ғоибона ва саволномаҳои тестӣ) дар асоси маводи пешниҳоднамуда ва рӯзҳои муқаррарнамудаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-11-и мактаби ғоибона ва аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 (12) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

11. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он барои ташхис ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.

Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида, барои ташхис бевосита ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

12. Ба сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шавад, ки ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.2014, 11/2) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

13. Сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷадвали аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ карда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд.

14. Ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ш. Ёрмуҳаммадзода) супорида шавад:

14.1. Намунаи маводи аттестатсия (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест)-ро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва синфҳои 9 ва 12 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсия то 20 феврали соли 2020 таҳия ва барои мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

14.2. Маҷмӯи маводи аттестатсия барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест) муассисаҳои таҳсилоти умумиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омодагӣ ба аттестатсия тибқи дархост то 10 апрели  соли 2020 ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд.

14.3. Нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ то 14 май (як моҳ пеш аз аттестатсия) ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд.

15. Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифадор карда шаванд, ки маводи иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия бо тавсияи иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ тасдиқ ва дар ҷойи махсус маҳфуз доранд.

16. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 июли соли 2020 маълумотномаи муфассал ирсол намоянд.

17. Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Қ. Муҳиддинзода) вазифадор карда шавад:

17.1. Фармоиши мазкурро даст-раси раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таълимии махсус ва ғайридавлатӣ гардонад.

17.2. Дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2020 маълумотнома манзур намояд.

18. Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” (Н.Нурализода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар ҳафтанома ба табъ расонад.

19. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ гузошта шавад.

Вазир:                      М. Имомзода

Замимаи 1

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Синфи 4: Забони модарӣ (диктант)
                  Математика (хаттӣ)
Синфи 5: Забони модарӣ (диктант)
                 Математика (хаттӣ)
 Синфи 6: Забони модарӣ (шифоҳӣ)
                  Математика (хаттӣ)
 Синфи 7: Забони хориҷӣ (диктант)
                  География (шифоҳӣ)
Синфи 8: Забони модарӣ ( нақли хаттӣ) 
            Технологияи иттилоотӣ  (шифоҳӣ)

Замимаи 2

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 5-8 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона
 Синфи 5: Забони модарӣ (диктант)
                 Математика (хаттӣ)
Синфи 6: Забони модарӣ (шифоҳӣ)
                 Математика (хаттӣ)
Синфи 7: Забони хориҷӣ (диктант)
                  География (шифоҳӣ))
Синфи 8: Забони модарӣ ( нақли хаттӣ) 
       Технологияи иттилоотӣ  (шифоҳӣ)

Замимаи 3

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Равияи умумӣ         
1. Алгебра (хаттӣ)
2.Адабиёт (эссе)
3.Химия (тест)
Равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва зерравияҳои он
1.Таърихи халқи тоҷик (тест)
2. Адабиёт (эссе)
3.Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)
Равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он
1.Алгебра (хаттӣ)
2.Забони русӣ (шифоҳӣ)
3.Химия (тест)       
Равияи технологӣ ва зерравияҳои он
1. Алгебра (хаттӣ)
2.Забони русӣ (диктант)
3.Технологияи иттилоотӣ (тест)
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона синфи 10
1.Адабиёт (шифоҳӣ)
2.Алгебра (хаттӣ)
3.Забони русӣ (диктант)
синфи 11
1.Таърихи халқи тоҷик (шифоҳӣ)
2. Адабиёт (эссе)
3.Алгебра(хаттӣ) 

Замимаи 4
Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона
ва ғоибона
1.Адабиёт (эссе)
2. Алгебра (хаттӣ)
3.Физика(шифоҳӣ)
4.Забони русӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (диктант) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ
5.Таърихи халқи тоҷик (шифоҳӣ)

Замимаи 5

Аттестатсияи хатм дар синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона ва 12 -и ғоибона Равияи умумӣ
1. Таърихи халқи тоҷик (тест)
2. Адабиёт (эссе)
3.Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)
4.Алгебра (хаттӣ)
5.Забони русӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ
6.Химия (тест)
Равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва зерравияҳои он
1. Таърихи халқи тоҷик (тест)
2.Адабиёт (эссе)
3. Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)
4.Алгебра (хаттӣ)
5.Забони русӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ (шифоҳӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ
6.Ҳуқуқи инсон (тест)
Равияи табиӣ- математикӣ ва зерравияҳои он
1. Технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ)
2.Адабиёт (эссе) 
3 Геометрия (шифоҳӣ)
4.Алгебра (хаттӣ)
5. Физика (шифоҳӣ)
6.Химия (тест)
Равияи технологӣ ва зерравияҳои он
1. Биология (шифоҳӣ)
2.Адабиёт (эссе) 
3 Технологияи иттилоотӣ (шифоҳӣ)
4.Алгебра (хаттӣ)
5. Физика (шифоҳӣ)
6.Химия (тест)
Синфи 12 (ғоибона)
1. Таърихи халқи тоҷик (тест)
2.Адабиёт (эссе)
3.Забони хориҷӣ (шифоҳӣ)
4.Алгебра (хаттӣ)
5.Забони русӣ (шифоҳӣ)
6.Химия (тест)