Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Нашриёти «Адиб» ҳафтаи шашум аст, ки намоиш-фурӯши китоб доир менамояд

8 февраля 2020 12:02

Количество просмотров: 23200

Имрӯз ҳафтаи шашум аст, ки Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобро дар шаҳри Душанбе доир менамояд.

Тавре хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат ва Абдураҳими  Абдуқаҳҳор  гузориш медиҳанд, имрӯз дар намоиш-фурӯши китоб дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омаданд.

Онҳо имкон доштанд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин тавонистанд  доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд.

Дар намоиш-фурӯши имрӯза асарҳои зиёди нависандагони тоҷик ва адабиёти хориҷӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар иброз дошт, «иқдоми мазкур барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои миллат равона гардидааст. Президенти маърифатпарвари  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш гуфта буданд, ки китоб аз муқаддасоти ҷовидонии миллат аст ва ҳеҷ василаю неруи дигаре дар ҳама гуна ҳолат ҷои онро гирифта наметавонад, аз ҷумла технологияи компютерӣ. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки тарғиби китоб бинамоем, бартарии онро нисбат ба дигар воситаҳои донишандӯзӣ ба таври возеҳу муассир ба ҳамагон, ба вижа, ба насли наврас бифаҳмонем. Мояи ифтихор аст, ки талошҳои мо дар ин ҷода натиҷаи хуб ба бор оварданд.  Ҳар ҳафтаи баргузории намоиш-фурӯши китоб дар панҷ соат мардум зиёда аз 10 ҳазор китоб харидорӣ менамоянд».

Муовини директори Нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода зикр кард, ки дар намоиши имрӯза зиёда аз 200 номгӯй асарҳои бадеӣ бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха ба намоиш-фурӯш гузошта шуданд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Нашриёти «Адиб» тасмим гирифтааст, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ ва таъмини алоқамандон бо китобҳои ҷолибу шавқовар аз ҳисоби маблағҳои ба даст омада чопи такрории асарҳои бадеиро зиёд намуда, ҳамкориро бо доираҳои адабӣ ва  муассисаҳои соҳавӣ дар доираи васеътар ба роҳ монад. Зеро талаботи ҷомеа ба ҳама навъҳои осори бадеӣ аз адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва кӯдакон зиёд аст.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки яке иштирокдорони фаъоли гӯшаи адибон мебошад, иброз намуд, ки «имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо як ангезиши нав- рӯ овардан ба китоб  ва эҳёи дубораи китобхониву китобдорӣ мушоҳида мегардад».

Ба андешаи мавсуф, он шуълае, ки мардуми тоҷик дар худ нисбат ба китоб доштаанд, бо сиёсатҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ва баргузор намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз нав фурӯзон гардид.  Аз чорабиниҳои доир ба ин озмун баргузоргардида маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу эҷодгарони китоб арҷу эҳтиром мегузорад.

Мирзоҳомид Тӯлибоев, собиқ омӯзгор аз шаҳри Парҷакент, ки 75 сол дорад, бо ҳамсари худ барои харидории китоб барои фарзандон ва наберагонаш ба шаҳри Душанбе омадааст.

Тавре дар суҳбат бо мо мавсуф иброз дошт, «дар хонаам тақрибан 700 китоб дорам, аммо хаёл мекунам, ки кам аст. Дар инҷо бештари китобҳое ҳастанд, ки дар рафи китобҳои ҷамъовардаи ман нест. Аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки китобҳои тозанашри Нашриёти «Адиб»-ро харидорӣ намоям».

Мавсуф зикр намуд, ки “боварӣ дорам Нашриёти «Адиб» ин иқдоми худро  ба шаҳри бостонии Панҷакент мебарад. Зеро мардуми дурдасти Панҷакент ба чунин китобҳои арзон ва тозанашр камтар дастрасӣ доранд”.

Дар ин намоиш-фурӯши китоб, ки аз соати 8-и субҳ то 13-и зуҳр идома меёбад, харидон метавонанд китобҳоро аз осори адабиёти классик ва муосири тоҷику форс, ба мисли Рӯдакӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Сайидо, Соиб, Айнӣ, Лоиқ, Гулрухсор, Баҳманёр ва дигарон дастрас намоянд.

Пас моро зарур аст, ки тарғиби китобро бештар намоем, бартарии онро нисбат ба дигар воситаҳои донишандӯзӣ ба таври возеҳу муассир ба ҳамагон ва ба насли наврас бифаҳмонем. Китобхонӣ дар ҷомеа бояд боз ҳам бештар ривоҷ ёфта, сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри илму эҷод расидани аҳли ҷомеа беҳтар гардад.

Китоб маҳсули ақлу заковати  мардуми соҳибтамаддун, омоли асосии ҳифзу фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа мебошад. Он тӯли тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буда, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намудаву аз як насл ба насли дигар ба мерос мегузорад. Шукӯҳу шаҳомати миллати тоҷик тавассути китобҳои эҷодкардаи адибону шоирон ва олимону муҳаққиқони қадим то имрӯз дар олам паҳн гаштааст. Китобҳои эҷоднамудаи устод Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Берунӣ, Мавлавию Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Ҷомию Бедил, Аҳмади Донишу устод Айнӣ то Турсунзодаю Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонию Ҳабиб Юсуфӣ, Қаноату Гулрухсор, Лоиқу Бозор, Фарзонаю Меҳринисою ҷавонтарин шоирони муосир ва ҳазорон тани дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин бузургон дар муаррифӣ ва мондагории миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърих ҷаҳду талоши зиёде кардаанд. Инчунин шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷик аз аввал ба китобхонию китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус доштааст.

ДУШАНБЕ, 08.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9.png