Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ

7 февраля 2020 10:02

Количество просмотров: 25742

Ин китоб соли 2017 чоп шудааст ва барои хоннадагони навраси худ, ки дар толори кӯдакону наврасон саргарми мутолиа мешаванд, тавсия медиҳем. Донистани фарҳанги номҳои миллӣ хеле муҳим аст, то руҳияи милли мо боло гирад, аз номгузориҳои бегона парҳез кунем. Муаллифон дар муқаддима овардаанд: “Номхо аз умқи забон маншаъ гирифта, забони гўёи суннатҳо, расму анъана ва фархангхо маҳсуб меёбанд. Ҳар номе, ки бунёди қадимӣ дорад, чун нигорае дар осорхонаи манънавии ҳар қавму миллат, намоишдиҳандаи раванди инкишофи таърихии андешаву ҷаҳонбинии ниёгони онҳо ба ҳисоб меравад.

Номгузорӣ ба тифли навзод яке аз анъанаҳои қадимтарини тамоми башарият буда, дар номҳо тамаддун, андешаву маниш ва пешаву ҳунари миллат инъикос ёфта, ҳамчун маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъият то ба имрўз омада расидааст. Чун назари ҳар қавму миллат нисбат ба оламе, ки онҳоро иҳота намудааст, мухталиф мебошад, ин  гуногунандешӣ, бешак, дар номгузорӣ низ акси худро ёфтааст. Вале сарчашмаи андешаи мардум, пеш аз ҳама побанди эътимоду эътиқоде аст, ки инсоният ба он бо дили нек назар мекунад ва онро нек мепиндорад. Ва ин пиндор баъзан ба дараҷаи ғулув расида, ба хурофот табдил меёбад, вале ҳамоно онро ҳақ андеша мекунанд. Ҳамаи падидаҳои ҷаҳони ҳастӣ низ бо ном мушаххас мешаванд. Таърих бо ном ҳамроҳ аст ва агар номро аз таърих бардорем, чизе барои гуфтан вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки доир ба робитаи ном ва соҳиби он ҳанўз дар даврони антиқа байни файласуфони Юнони Қадим баҳс барангехта буд ва шуълаи алангаи он то имрўз низ дар миёни файласуфон ва мутафаккирони дин хомўш нашудааст.

Дар  фаҳмиши нахустинсонҳо, ки ҳоло ҳам дар байни бархе аз қавмҳо ба мисли эскимосҳо ҳифз шудааст, инсон ин муттаҳидкунандаи ҷисм, ҷон ва ном аст. Онҳо аз байни ин се чиз танҳо номро ҷовидона мепиндоштанд. Аммо аз рўйи пиндошти мисриёни қадим номҳо намиранда буда, ба хайру неъмат ва манфиати шахсе , ки фавтидааст (марҳум), вобаста мебошанд. Аз ин рў, онҳо кўшиш мекарданд , ки номи шахси фавтида на аз байн равад ва на ба таҳкире дучор гардад. Дар Юнони Қадим дар лавҳачаи сурбӣ номи марҳумро навишта , онро ба дарё мепартофтаанд. Тибқи  иттилои  Штернберг Л.Я. тамоми мардумони Хиндуаврупоӣ ба он бовар доштанд, ки ном муҳимтарин ҷузъи инсн буда, он  ҳам нафас ва ҳам ҳаёти ўст. Ҳамин тариқ, дар даврони қадим номро бо ҷони одам пайванд ва як асосии он дониста, тасаввур мекарданд, ки он метавонад ба як қувваи фавқутабиӣ табдил ёфта, сеҳру ҷоду гардад. Бинобар ин, номи аслии худро ҳамеша махфӣ нигоҳ медоштанд ва дар ҳаёти рўзмарра аз номҳои муқаррарӣ ё лақаб истифода мебурданд, ки ин анъана то имруз низ дар байни аксарияти қавмҳои олам идома дорад.

Дар байни қавми яҳуд чунин анъана марсум будааст, ки агар касе бемор шавад, уро Хаим (яъне «ҳаёт») ном мебурдаанд ва тифлоне, ки лоғару бемор ба дунё меомаданд онҳоро низ Хаим, Дов (хирс), Лейб (шер) ном мегузоштаанд.

Дар кишварҳои насронӣ бошад, барои тифли навзод аз рўйи анъана номҳои муқаддасро мегузоштанд, ки кўдак ҳам бигузор софдил ва орӣ аз ғаразҳои нопок ба воя расад. Чунин мепиндоштанд, ки кўдак ҳам бигузор софдил ва орӣ аз ғаразҳои нопок ба воя расад. Чунин мепиндоштанд, ки номи наку кўдакро аз ҳар гуна бало эмин нигоҳ медорад. Агар падару модар бо номҳое, ки дар калисо гузошта мешуд, розӣ намешуданд, бинобар ин, номи дувумро ба кўдак мегузоштанд, ки минбаъ ин ҳамчун анъана давом ёфт. Ин расм дар байни кавми яҳудон низ роиҷ аст. Дар байни славянҳо ба кўдак додани номи фавтида мумкин набуд, аммо дар байни қавми яҳудон баръакс ба кўдак номи фавтидаро мегузоштанд...”

Дар мо, тоҷикон чӣ? Барои посух ба ин пурсиш аз шумо азизон, даъват мекунем ин китоби хубро мутолиа намоед. Онро метавонед дар рафи китобҳои толори кӯдакон ва наврасон пайдо кунед.      

Маълумоти муфассалро дар сомонаи "Китобхонаи миллӣ" пайдо кунед: http://www.kmt.tj/farkhangi-nomkhoi-millii-tochiki