2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Кӯдакони меҳрубону саодатманд! Имрӯз, 1 июн дар ҷаҳон 72 - умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда ба шумоён осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам. Ҳар сол чун анъана санаи 1-уми июн дар сартосари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъули...
Соҳаи илму маориф аз соҳаҳои калидии ҳаёти ҷомеа ва омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ин мавзӯъ пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид доштанд, ки ...
ш. Душанбе. 27.05.2022. Шоми имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкор...
Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Дар он Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, директори МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ғайратзода...
Шакаров Ҷовид Холиқбердиевич омӯзгори фанни “Асосҳои давлат ва Ҳуқуқ” Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Роҳбарияти МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Санаи 25 майи соли 2022 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар бинои Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маориф...
20-22-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштиро...
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо барои синфҳои як 25 май ва барои синфҳои 2-11 якуми июн ба охир мерасанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад. Ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷам...
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навоварию ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳу фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022, №249 дар пойтахт ифтитоҳи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш...
Санаи 21.05.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар он Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулзода Зиёдулло Назар Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, директори МДТ “Литсей-интернати Презид...