Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Маросими ҳавасмандагрдонии ғолибони фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва ҷоизадорони бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”

28 мая 2022 12:05

Количество просмотров: 11067

ш. Душанбе. 27.05.2022. Шоми имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикору ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати маорифи пойтахт ташкил гардида, он дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”, ки тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон гардидаанд, баргузор карда шуд.

     

Дар расми ифтитоҳи Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ироа карда, аз ҷумла қайд намуд, ки: “Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ доир намудани силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2022, таҳти №237 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе” ба имзо расид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи он аз 26 май то 1 июни соли 2022 дар пойтахт “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” эълон гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорию навоварӣ, ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 23 майи соли 2022, №249 аз 23 то 28 майи соли 2022 Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе низ эълон карда шудааст.”
Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ баргузор карда шуда, дар умум дар кори он зиёда аз 450 лоиҳаҳои эҷодӣ пешниҳод карда шуд, ки аз миёни онҳо 150 нафарашон бо дипломҳои дараҷаҳои 2, 3 ва 25 нафарашон аз рӯи бахшҳои алоҳида соҳиби дипломи дараҷаи 1 гардиданд.
Инчунин, рӯзҳои сеюму чоруми Ҳафта Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 85 лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷониби хонандагон муаррифӣ гардид. Дар умум муаллифони 10 лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ “Шоҳҷоиза”-и озмунро ба даст оварданд.
Рӯзи панҷуми Ҳафта бошад, Намоиши дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе дар толори “Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор карда шуд, ки дар он ихтироъкорони наврас 28 лоиҳаҳои худро муаррифӣ ва намоиш доданд, имрўз ҷоизадорони Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ ва Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри сарфароз гардонида шуданд.
Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаои пойтахт” бошад, бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе ва дар ин замина мусоидат кардан дар рушди маънавию зеҳнӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати такомул додани завқу истеъдод, тарбияи фарҳангиву эстетикӣ, ҷалб намудани насли наврас ба корҳои эҷодиву ҳунарӣ ва фарогирии онҳо дар вақти холигӣ ба корҳои муфид гузаронида шуда, соли ҷорӣ он ҷиҳати амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2022 доир карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки Фестивали мазкур моҳҳои феврал – майи соли равон дар се давра, байни хонандагони синфҳои 1 - 9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи шартҳои “Ровиён”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Рақси гурӯҳӣ”, “Хорсароӣ”, “Навозандагӣ”, “Маҳорати актёрӣ” ва ғайра доир гардида, дар маҷмуъ дар он зиёда аз 1000 нафар ширкат варзиданд. Ба даври шаҳрии Фестивал - озмун бошад, наздики 200 нафар роҳхат гирифта, пас аз ҳунарнамоӣ назди ҳайати ҳакамон 17 навраси соҳибистеъдод ва 9 ансамблу гурӯҳҳои худфаъолияти эҷодии назди муассисаҳои таълимӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Маврид ба тазакур аст, ки дар тӯли инак чанд соли баргузорӣ Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт” миёни озмунҳои фарҳангиву бадеии соҳаи маориф мавқеи хоса пайдо намуда, дар ин муддат наврасони зиёди соҳибҳунару соҳибистеъдодро кашф карда, дар рушди минбаъдаи ҳунару эҷодашон мусоидат намудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Фестивал – озмуни “Шукуфаҳои пойтахт” соли гузашта мақоми байналмилалиро касб намуда, дар доираи чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он бори аввал моҳи декабри соли 2021 бо ширкати зиёда аз 150 нафар наврасони эҷодкор гузаронида шуд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” ба таври бошукӯҳ доир шуда, дар идомаи он барномаи фарҳангии омоданамудаи иштирокчиёни Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» пешниҳод гардид.
Сурасгузориш аз рафти чорабинии мазкур: