Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Оғози “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар пойтахт

23 мая 2022 01:05

Количество просмотров: 3189

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навоварию ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳу фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022, №249 дар пойтахт ифтитоҳи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” эълон гардид. Дар ин бора аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар оғози “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” санаи 23 майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Асҳобиддини Шералӣ, директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Шавкат Каримзода, кормандони педагогии муассисаҳои мазкур, наврасону ҷавонон, аъзоёни ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони шаҳри Душанабе дарси маҳорат доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ ташкил ва баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории дарси маҳорат ба хонандагони болаёқат шинос намудани онҳо вобаста ба таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ-эҷодӣ, барномасозӣ, моделсозӣ ва бо қоидаву талаботҳои таҳия намудани маърӯзаҳои илмӣ, лоиҳаҳо, корҳои эҷодӣ, корҳои тадқиқотӣ ва таҷрибаҳои илмӣ мебошад.
Сараввал директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Асҳобиддини Шералӣ суханронӣ намуда, оғози “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе”-ро эълон намуд. Зимни баромади худ таъкид намуд, ки рӯй овардани насли наврас ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами устуворест барои рушди ояндаи кишвар. Ин иқдом имконият медиҳад, ки мутахассисони ҷавони болаёқат дар арсаи ҷаҳон иқтидори рақобатпазирӣ пайдо намоянд.
Зикр гардид, ки мақсаду вазифаҳои ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимӣ баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши амиқи илмҳо, шиносоии бештари онҳо бо кашфиётҳои илмии ватанӣ ва хориҷи кишвар, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва интиқодии хонандагон, тарбияи насли наврасест, ки дорандаи ҳисси ватандориву ватандӯстӣ бошанд ва тавонанд, ки дар ояндаи наздик дастовардҳои илмии Ватани маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, мебошад .
Сипас Каримзода Шавкат директори МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” вобаста ба масъалаҳои бедор намудани шавқу ҳавасмандии хонандагон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, мусоидат намудан дар беҳтар кардани сатҳу сифати таҳсилоти хонандагон, омода намудани онҳо ба олимпиадаву мусобиқаҳои фаннӣ, ҷиҳати иштирок дар Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон, суханронӣ намуданд.
Дар идома бошад, Салимова Дилбар мудири шуъбаи методии Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” оид ба таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ-эҷодӣ, барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ маълумот додан ва бо қоидаву талаботҳои таҳия намудани маърӯзаҳои илмӣ, лоиҳаҳо, корҳои эҷодӣ, корҳои тадқиқотӣ ва таҷрибаҳои илмӣ изҳори андеша намуданд.