Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

26 феврал - рӯзи таъсисёбии созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ

26.02.2024

Количество просмотров: 14

26.02.2024. Ҳамасола 26 феврал дар ҷумҳурӣ Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат имрӯз дар Литсей қабули тантанавии аъзои нав ба зинаи «Ворисони Сомониён» - и Созмони мазкур баргузор гардид, ки дар он директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар ва омӯзгорону хонандагон ширкат намуданд.
Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкилоти худидораи хонандагон буда, ҳадафи асосии он тарбияи насли наврас, хоса мактаббачагон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон, омӯзгорон ва падару модарон мебошад.
Созмони хонандагон ба воситаи се зина – «Ахтарон» (синфҳои 1-4), «Ворисони Сомониён» (синфҳои 5-9) ва «Сомониён» (синфҳои10-11) фаъолияти худро амалӣ менамояд.
Қобили қайд аст, ки дар маросими имрӯза зиёда аз 100 нафар хонандагони литсей бо ёд кардани савганди тантанавӣ ба сафи Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ қабул гардида, қавл доданд, ки барои хизмат ба халқу Ватан ҳамеша омода ҳастанд.

Макони баргузорӣ: Литсейb Президентӣ барои хонандагони болаёқатиТоҷикистон