Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Президент ва маориф

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд аз шакли кӯҳнаи таҳсил даст кашид ва таълимро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид
22 дек

Мо бо усулу барнома ва конспектҳои кӯҳнаи худ ҷавононро наметавонем соҳибкасб намоем. Аксарияти омӯзгорони мо системаи нави иттилоотӣ ва кор кардан бо донишҷӯёнро намефаҳманд. Бояд аз ин усули таълим даст кашида, онро ислоҳ намуд ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 декабр  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам  рушд ёфтани  соҳаи таҳс...

Суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 апр

Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия! Ҳозирини гиромӣ! Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем. Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад. Аз солҳои 2000–ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзал...

«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
26 янв

Ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорат санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши ...

Нуктаҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф ва илми кишвар
26 янв

Муҳтарам вакилони халқ! Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо ...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
17 авг

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти навбунёд аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад. ...

Шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ зиёд карда мешавад
18 мар

«Аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз зимни мулоқот бо аҳли илму фарҳангу маориф баён доштанд. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои та...

Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат
18 мар

18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуф...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар
18 мар

Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!Ҳамватанони азиз!Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз — соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақ...

Дар Тоҷикистон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид
26 дек

Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Ин матлабро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд. Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,  ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафак...