Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

26 января 2021 11:01

Количество просмотров: 14406

Ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорат санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.

Мавсуф зикр дошт, ки озмуни навбатӣ мисли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳамоиши анъанавӣ табдил мегардад. Зеро пешравии ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони китобдӯст ва донандаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ вобастагӣ дорад.

Ба гуфти Сарвари давлат, соли равон маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардидаи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд карда мешавад.

Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин  ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад.

 АМИТ «Ховар»