Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши дуюм

Эдвард Фитсҷералд кист? Фитсҷералд дар 31 моҳи март (мусодиф бо айёми Наврўзи Ҷалолӣ) 1809 дар Инглистон ба дунё омад ва дар 14 моҳи июн 1883  падруди ҳаёт гуфт. Фитсҷералд ба соли 1826 аз колеҷи Тринти вобаста ба донишгоҳи Кембриҷ фориғуттаҳсил шуд. Рафту омад ва омўзиши ў бештар бо донишгоҳиён ва шоирон ва аҳли адаб буд. Дар 1844 бо ҷавони ҳаждаҳсолае ба номи Ковел ошно шуд, ки ғарқа дар пажўҳиши адабӣ дар кутуби форсӣ ва испониёӣ буд.  Фитсҷералд аз хонаводаи мутамаккин (сарватм...

КИТОБИ НАВ Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ

 Дар нашриёти «Контраст» — и   шаҳри Душанбе  нашри  дуюми    такмилёфтаи    китоби  дипломати  тоҷик,  доктори   илмҳои  таърих    Зафар  Сайидзода  бо  номи  «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар  ҳаҷми  640  саҳифа ба забони тоҷикӣ  аз чоп баромад.    Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ&n...

Моҳи феврали соли 2020

1-уми феврал 90-солагии зодрӯзи Хайрулло Абдуллоев (1930-2008), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. 70-солагии зодрӯзи Хадича Абдуҳалимова (1950-1997), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон. 70-солагии зодрӯзи Холматҷон Аминҷонов (1950), олими соҳаи техника. 70-солагии зодрӯзи Абдуқодир Неъматов (1950), олими соҳаи физика. 110-солагии зодрӯзи Нуриддин Пиримқулов (1910-1983), жур...

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши аввал

Китоби донишманди эронӣ – Фазлуллоҳ Ризо, «Нигоҳе ба Умари Хайём» ба забони форсӣ соли 2000 дар Эрон нашр гардида, диққати хонандагон ва мухлисони Умари Хайёмро ба кашфиёти илмии риёзӣ, физикии мутафаккири  машҳур ҷалб намудааст, ки ин кашфиёт дар Аврупо дар нимаи дуюми асри 19 аз ҷониби Ф. Вопке, Д. Э Смит, аз ҷумла тарҷумаи рубоиёти Хайём аз ҷониби Э. Фитсҷералд ба англисӣ шўҳрати Хайёмро дар Аврупо ва Амрико ҳамчун олими навовар дар соҳаи улуми табиатшиносӣ ва шоири воқеъбин, мунаққиди хурофотпарастию му...

Китоби нав “Дар офариниш”

Муаллифи ин китоби хонданӣ Ҳоҷимурод Хурсандӣ аст. Асари мазкур дастури муфиде ҷиҳати густариши дониш ва камолоти маънавии оммаи васеи хонандагон аст.  Рисола дар асоси оятҳо Қуръон, илми муосир ва таҷрибаи зиндагии муалиф таҳия гардида, баҳри дастёбӣ ба саодати ҷавонӣ, ки имон аст, равона мегардад. Чи тавре ки муаллиф дар оғоз мегӯяд-фарди пешрафта фақат дар доираи хурдану хуфтан набояд маҳдуд бошад. Ӯро лозим аст аз мантиқи пешрафтаи иқтисодиёт, муносибатҳои иҷтимоӣ, сохтори сиёсӣ, соҳаҳои маънави...

Маркази миллии тестӣ: имрӯз вохӯриҳои кормандон бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардиданд

Тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) аз 3-юми феврал то 6-уми марти соли 2020 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагон, падару модари довталабон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба нақша гирифта шудааст. Барои ташкилу баргузории вохӯриҳо...

Оғози семинари омӯзишӣ дар Литсей-интернати президентӣ

03.02.2020 Оғози семинари омӯзишии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон”

 Чунин ном дорад китобе, ки ахиран ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чоп шуд. Ин китоби хуб бо ороишоти ранга, расму мусаввараҳои бешумор аз таърихи пойтахт ҳикоят мекунад. Муаллиф Мирзоамин Мирсаидзода, ки худ собиқадори пойтахт аст, дар вазифаҳои масъули м ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри душанбе кору фаъолият намудааст, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба рӯйдодҳои фараҳбахши пойтахт, корҳои созандагию ободонӣ баҳои сазовор диҳад. Дар муқаддима аз ҷумла омадааст:  Душанбе...

Рӯзи шанбе дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар Душанбе намоиш-фурӯши навбатии китоб доир намуд. Дар толори даромадгоҳи бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ садҳо адад асарҳои нодири адибони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта шуда буд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар маросими ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода (ДАР АКС) иштирок намуд. Дар намоиш-фурӯши китоб, ки аз соати 8-и субҳ то 13-и зуҳр идома ёфт, ба ҳаводорон 250 номгӯй ...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармон медиҳам: 1. Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ да...

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов

«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст. Матни пурраи мақоларо дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем. ...

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Олимон ба АМИТ «Ховар» навиштаанд: «Дар асоси китоби «Тоҷикон» таҳияи филмҳои бадеию мустанади бисёрсериягӣ мувофиқи мақсад мебошад…»

Солҳои охир намоиши филмҳои бисёрсериягии хориҷӣ мӯд шудааст, ки онҳо метавонанд мардуми моро аз расму оин, либоспӯшӣ ва фарҳанги тоҷикиамон дур созанд. Хуб мешуд киносозони ватанӣ, коргардону таҳиягарони тоҷик, ки ғуруру ифтихори баланди миллӣ доранд,  дар асоси китоби пурарзиши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забонҳои тоҷикию хориҷӣ таҳияи филмҳои бадеию мустанади бисёрсериягиро ба роҳ монанд. Ин пешниҳодро олимони тоҷик бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтароам Эмомалӣ Раҳмон ба АМИТ «Ховар...

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист

Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи инсон аст. Он неруи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Китоб ягона дӯсти мӯнису ғамхоре аст, ки моро аз гаҳвора то пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдӯст ва тамаддунофар буд ва ин омил боис гардид, ки дар тӯли таърих бегонагон борҳо осори адабӣ ва илмиву фарҳангии ни...

«Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86 фаъол аст

Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон, инчунин сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи  маориф дар минтақаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ  «Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86  фаъол аст. Зикр шуд, ки соли 2019 тавассути ин шумора 207 занги телефонӣ ворид шудааст. Муроҷиатҳо асосан фарогир...

Ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 5400 адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ворид гардиданд

Ба муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва литсейҳои Тоҷикистон, ки муаллимон аз Федератсияи  Россия дар онҳо се сол боз фаъолият доранд, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ бо забони русӣ супорида шуданд. Сафири Фавқулода  ва Мухтори Федератсияи Россия  дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  гуфт, ки тақдими китобҳо дар ҷавоб ба хоҳиши омӯзгороне, ки дар кишвари мо кор мекунанд, сурат гирифт. 5400 китоби дарсӣ ба 9 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо  расонида мешавад. Масалан, тан...

Маҳфили “Дастони моҳир”: Мушҳои зираки сол

Чунин ном дошт мавзӯъи баҳс дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки дирғӯз доир шуд. муаллима мавзуъро шарҳ дод ва гуфт, ки соли 2020 соли муш аст ва ин солест, ки ба шахсони заҳматдӯст комёбиҳо пешгӯӣ мекунад.  Дар соли 2020 инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад оғоз мебахшад.     Дар умум мегўянд, ки рушди тамаддуни дунё вобаста аз он аст, ки чӣ гуна соли м...

Хонандагони тоҷик дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 250 медал, аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд

Хонандагони тоҷик  соли  2019 дар 30 олимпиадаи  байналмилалӣ, ки дар зиёда аз 20 кишвари дунё  баргузор гардиданд,  фаъолона иштирок намуда, сазовори 250 медал,  аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд. Ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2019 нишон дод, ки хонандагони Кӯҳистони Мастчоҳ, Восеъ, Балҷувон,  Муъминобод, Қубодиён, Роғун, Лахш, Дарвоз, Роштқалъа,  Рӯшон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ягон ҷой  нагардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳ...

Сарсухани академик Абдулғанӣ Мироев ба китоби Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ

«Тоҷикон ва ўзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимияти ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, Фароҳам орем». Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон …Алишер навоӣ дўсти наздик ва ҳамкори тавонои Абдураҳмони ...

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд. ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. П...

Сомонаи адиби баноми тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ фаъол шуд

Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд, вале онро дигарбора сохтанд, нав карданд, матолиби ҷолибу ҷадид ворид сохтанд. Акнун ин сомонаро шумо аз тариқи сомонаи Китобхонаи миллӣ низ бо ишора рӯйи БАҲРО...