Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






4 февраля 2020 10:02

Количество просмотров: 23503

Муаллифи ин китоби хонданӣ Ҳоҷимурод Хурсандӣ аст. Асари мазкур дастури муфиде ҷиҳати густариши дониш ва камолоти маънавии оммаи васеи хонандагон аст.  Рисола дар асоси оятҳо Қуръон, илми муосир ва таҷрибаи зиндагии муалиф таҳия гардида, баҳри дастёбӣ ба саодати ҷавонӣ, ки имон аст, равона мегардад.

Чи тавре ки муаллиф дар оғоз мегӯяд-фарди пешрафта фақат дар доираи хурдану хуфтан набояд маҳдуд бошад. Ӯро лозим аст аз мантиқи пешрафтаи иқтисодиёт, муносибатҳои иҷтимоӣ, сохтори сиёсӣ, соҳаҳои маънавиву ахлоқӣ, соҳаи идора ва ниҳоят аз оғозу анҷоми сайёрае, ки дар он умр ба сар мебарад, огоҳ бошад. 

Ҷамъияти инсонӣ аз аввали пайдоиш барориҳо ҳам доштааст, нобаробариҳо ҳам, шодию нишот ҳам, ғаму андуҳ ҳам. Ин мафҳумҳои ба ҳам мухолиф аслан бидуни якдигар арзиш надоранд.

Китоби “Дар офариниш”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Шарофат Мирзоева,

сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.

Муфассал дар сомонаи Китобхонаи миллӣ:http://www.kmt.tj/kitobi-nav-dar-ofarinish