Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






3 февраля 2020 04:02

Количество просмотров: 28648

Тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) аз 3-юми феврал то 6-уми марти соли 2020 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагон, падару модари довталабон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба нақша гирифта шудааст.

Барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 3-юм то 8-уми феврали соли ҷорӣ 33 нафар корманди Марказ ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Тибқи нақша, дар давоми 6 рӯз кормандони Марказ дар 181 муассисаи таълимӣ дар вохӯриҳо аҳли ҷомеаро бо низоми ИМД шинос хоҳанд кард.

Дар баробари ин, кормандони Марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардани кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат карда, маводди иттилоотӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестро дастрасашон менамоянд.

Барои огоҳ гаштани аҳли ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз низоми ИМД, инчунин аз тарафи Марказ маводи иттилоотию методӣ ба китобхонаҳо тақдим карда мешаванд, ки зиёда аз 600 маҷмӯаро дарбар мегирад.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ вохӯрии таблиғгарони сатҳи ҷумҳурӣ барои шинос кардани алоқамандони ИМД бо низоми имтиҳонҳои мазкур дар 3642 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ дар онҳо зиёда аз 150 000 нафар хатмкунанда иштирок меварзанд.

Ба довталабон ва алоқамандони дигари низоми ИМД тавсия дода мешавад, ки дар вохӯриҳои кормандони Марказ ва курсҳои шиносоӣ бо низоми номбурда ширкат намоянд.

Маълумоти пурра дар сомонаи Маркази миллии тестӣ unnamed.png


ТАРҲИ НАВИ МАҶМӮИ ФАНҲОИ ИМТИҲОНӢ ДАР НИЗОМИ ИМД