Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






4 февраля 2020 03:02

Количество просмотров: 23123

 Дар нашриёти «Контраст» — и   шаҳри Душанбе  нашри  дуюми    такмилёфтаи    китоби  дипломати  тоҷик,  доктори   илмҳои  таърих    Зафар  Сайидзода  бо  номи  «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар  ҳаҷми  640  саҳифа ба забони тоҷикӣ  аз чоп баромад.

   Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ — гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи  амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи мамлакат  дар  арсаҳои мухталиф  ва  ба  ин хотир  фароҳам  овардани  шароити мусоиди берунӣ   бахшида шудааст.

Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ,  доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.

Шакли электронии онро аз сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст.

Шакли электронии «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ».

Маводҳои ҳамсон

Китоби нав: “Шанхайская организация сотрудничества”

“Китоби роҳ ва фазилат”-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд