Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар

Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд. ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. П...

Сомонаи адиби баноми тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ фаъол шуд

Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд, вале онро дигарбора сохтанд, нав карданд, матолиби ҷолибу ҷадид ворид сохтанд. Акнун ин сомонаро шумо аз тариқи сомонаи Китобхонаи миллӣ низ бо ишора рӯйи БАҲРО...

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст...

«Ҳофиз ҳофизаи мост. Зеҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомўзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ў зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест». Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ  Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва гуманистию зебошиносӣ дар адабиёти форси тоҷикӣ нақши носутурданиву ...

ОЛИМИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ГУЛХОҶА ҶАНГИБЕКОВ БА СИННИ 70 РАСИД

  Доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков ба синни 70 расид. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов олими шинохтаи зодаи Бадахшонро ба ин синни муборак табрик гуфта, дар табрикоташ навиштааст, “зиндагиномаи шахсиятҳое, чун Гулхоҷа Ҷангибеков намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ мебошад ва эшон бо кору пайкори худ барои халқу Ватан хизматҳои зиёдеро дар соҳаи илму маориф анҷом додаанд.” Гулхоҷа Ҷангибеков Аълочии маорифи Тоҷикистон ва барандаи ордени Шараф дараҷаи 2 мебошад. Фарзанд...

«ХЕЗ, ТО ҶАШНИ САДА БАРПО КУНЕМ!..».Сарчашмаи пайдоиш ва суннатҳои ин идро дар ашъори шоирони классику муосир ҷӯё шуд

Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводориро фаро мегиранд. Яъне одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ- об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо- оташ, ҳамчунин хуршеду равшании он барои рӯзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Ҳамаи ин ҷашнҳо аз устура, шеър ва ривоятҳои гуз...

ВОХӮРИИ СУДМАНД

24-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Саломиён Муҳаммаддовуд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Серватюк Василий Николаевич доир гашт. Дар оғози вохӯрӣ Саломиён Муҳаммаддовуд қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Украина дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 9 апрели соли 2...

Аҳли илму одаби тоҷик дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин адиби маъруф ёд карданд

Имрӯз аҳли илму одаби кишвар дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин шоир, нависанда, драмнавис ва публисисти маъруфи тоҷик, ки дар рӯзи тавваллудаш соли 2009 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ёд карданд. Наримон Бақозода адибест, ки дар ташаккули як насли баркамол саҳми муҳим гузоштааст ва махсусан  шеърҳои барои кӯдакон эҷокардааш байни мактабхонҳои на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз  он низ  хеле машҳур буданд.  Наримон Бақозода 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар о...

Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика 80-сола шуд

Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз физикдонҳои шинохта дар кишвар аст. Донандаи хуби забони  тоҷикист, ки борҳо сари истилоҳоти физикӣ дар матбуот баҳсҳо ҳам доштааст. Аз фаъолтарин муаллимони ин фан дар матбуоти кишвар аст. Навиштаҳо ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтаанд. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика мебошад, ки соли 1985 чоп шуда буд. Луғати физикии вай аз ҷониби донишмандоне чун Муҳаммад Осимӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ баҳои сазовор гирифтааст.  Саи...

«Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада…». Он ҳамвора иде ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимию рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст

Яке аз хуҷастагиҳои барҷастаи даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ҳамин эҳёи суннату анъана ва маросими миллиест, ки на танҳо эҳёи маънавиёти миллатамон, балки эҳёи дубораи ҳувияту рисолати миллатамонро таъмин мекунад. Хушбахтона, бо пушти  сар шудани таърихи хеле гарону пурмоҷарои ҳазорсола халқи тоҷик бунёди қавӣ ва бегазанди худро собит сохт ва ин падида, пеш аз ҳама, дар ду зуҳурот ҳузури муборак дорад:  Аввалан,  миллати мо тавонист забони модарию а...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз! Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд. Ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муа...

Дар маҳфили «Ганҷи сухан» таърих ва тамаддуни бостонӣ дар Саразм баррасӣ гардид

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нишасти 179-уми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки он ба ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд. Дар он бештар аз 200 нафар мухлисони илму адаб, аз ҷумла, олимону адибон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Сарвари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, ки дар нишаст дар баробари ироаи маърӯзаҳову суханрониҳо натиҷаи фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» дар соли 2019 ҷамъбаст мешавад. ...

Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Сада мутантан таҷлил мегардад

26 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир мегардад. Дар  тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техника-олоти кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ,   ҳунарҳои мардумӣ, ярмака-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида мешаванд. Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Хо...

Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада ба Шоҳ Ҳушанг нисбат дода мешавад. Нигоҳе ба таърихи иди ниёгон

26 январ дар ҳамаи боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар рӯзи ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад. Дар ин рӯз ташкилкунандагони барномаҳои идона суннатҳои ҷашни Садаро риоя намуда, аз осори шоирони классику муосир дар васфи ин иди ниёгон шеърҳо мехонанд. Сада яке аз ҷашнҳои бостонии ми...

«ИН ОТАШИ САДАРО РАВШАН КУНЕД, ЭЙ ДӮСТОН!». Адибони тоҷик роҷеъ ба Сада, ин ҷашни бостонии ниёгон бо муҳаббат менависанд

Дар ин чанд соли охир баробари эҳё шудани ҷашни Сада шоирону нависандагону олимон, журналистону навқаламон- ҳар касе, ки ошиқи фарҳанги ниёгон аст, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Ялдоро ситоиш менамоянд. Олимон дар бораи Сада мақолаҳои илмӣ таълиф менамоянд. Адибон бо муҳаббат роҷеъ ба Сада менависанд. Олимону нависандагон дар нигоштаҳои хеш маъно ва мафҳуми ин ҷашни табиии хуршедиро, ки аз шаби чилла (Ялдо) оғоз шуда, ба самти Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон меравад ва ҳамин тавр ҳар сол бо...

Профессор Насрулло Убайдулло: «Туҳфаи «Тоҷикон» ба ҳар хонадони кишвар — иқдоми беназири Пешвои миллат ва таҳрикдиҳандаи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ”

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ афзалиятро бештар ба соҳаҳои илму маориф дода, дар бораи омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба аҷдодони худ дастуру супоришҳо доданд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мар...

ТАВАҶҶУҲ! Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тавре муассисаи мазкур ба маълумоти довталабон мерасонад, барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ...

Физики маъруфи тоҷик, профессор Хурсандқул Ибодинов аз олам даргузашт

Шаби гузашта узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, астрофизики маъруф, собиқ директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ Хурсандқул Ибодинов дар синни 76-солагӣ  аз олам даргузашт. Хурсандқул Ибодинов   22 марти соли 1944 дар деҳаи Работи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи деҳаи Такфонро ба итмом расонидааст. Соли 1964 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм н...

Бори аввал намоиши нигораҳои таърихии тоҷикон дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад

14 октябр бори аввал Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, 23 январ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуе мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими корҳои омодагӣ ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷ...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст...