Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






24 января 2020 03:01

Количество просмотров: 25933

Дар ин чанд соли охир баробари эҳё шудани ҷашни Сада шоирону нависандагону олимон, журналистону навқаламон- ҳар касе, ки ошиқи фарҳанги ниёгон аст, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Ялдоро ситоиш менамоянд. Олимон дар бораи Сада мақолаҳои илмӣ таълиф менамоянд. Адибон бо муҳаббат роҷеъ ба Сада менависанд.

Олимону нависандагон дар нигоштаҳои хеш маъно ва мафҳуми ин ҷашни табиии хуршедиро, ки аз шаби чилла (Ялдо) оғоз шуда, ба самти Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон меравад ва ҳамин тавр ҳар сол бо рангу бӯи дигар такрор мешавад, шарҳ медиҳанд. Ҳамаи ин ҷашнҳоро, ки бо Хуршеди оламтоб ва равшании он вобаста аст, мегӯянд, менависанд, меситоянд ва месароянд.

Аз ҷумла, яке аз ошиқони ҷашни Сада бо номи Равшангар барои хонандагони АМИТ «Ховар» шеъре пешниҳод намудааст, ки манзур менамоем:

САДА ОМАД, САДА ОМАД

Сада омад, Сада омад,

Ба ҳар хона нур даромад.

Чилрӯза шуд Офтоби мо,

Гулхан занед, ки баромад.

Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Сада омад, Сада омад,

Ба табиат ҷон даромад.

Аз баракати ин Офтоб,

Сабзаҷон сар  баровард.

Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Сада омад, Сада омад,

Барои ҳар банда омад.

Нури Хуршедро бубинед,

Ба ҳар хона ханда омад.

Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Деҳқонбобо шод бишуд,

Барфо кам-кам об бишуд.

Бо дидани Офтобак,

Аҳриман ҳам хоб бишуд.

 Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.