Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






31 января 2020 03:01

Количество просмотров: 29370

Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон, инчунин сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи  маориф дар минтақаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ  «Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86  фаъол аст.

Зикр шуд, ки соли 2019 тавассути ин шумора 207 занги телефонӣ ворид шудааст. Муроҷиатҳо асосан фарогири масоили ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, қарздории музди маош ва пардохт нагардидани маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон, ҷамъоварии маблағи моҳона, муносибати дағалонаи омӯзгор бо хонандагон ва амсоли инҳо мебошанд.  Нисбат ба ҳар  занги воридшуда масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида, талабу дархости шаҳрвандонро қонеъ гардониданд. Инчунин аз 207 занги телефонӣ 112-тои он хусусияти машваратӣ дошт, ки сари вақт аз ҷониби масъулин ба суолҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дода шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ   ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  соли  2019   ба  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бештар аз 300 муассисаи таълимӣ, корхона, шахсони  ҳуқуқию воқеӣ   барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намуданд, ки  онҳо аз ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуданд.  Бо  сабаби ҷавобгӯи талабот набудани  ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда  ба филиали Муассисаи давлатии таълимии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор», ҶДММ «Элегант-Континентал»-и шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии  «Литсейи саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ  иҷозатнома дода нашуд.

Дар асоси муроҷиати шахсони  ҳуқуқии иҷозатномадор-Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Саманд-90» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Фаридун»-и шаҳри Душанбе фаъолияти гурӯҳҳои таълимии онҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ қатъ карда шуд.


 /АМИТ «Ховар»/.9.png