Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бахшида ба Рӯзи дониш

1 Сентября 2021 08:09

Количество просмотров: 438

Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар!
Устодону донишҷӯён ва хонандагони азиз!

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони маҳбуб, дар нахустрӯзи соли нави таҳсил – 1 сентябр, Рӯзи дониш таҷлил ва Дарси сулҳ доир мешавад, ки ин сана барои тамоми донишандӯзон басо рамзист, зеро муҳимтарин ҳадафи таҳсил андӯхтани илму дониш аст. 
Таҷлили имсолаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои тамоми аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳад буд, зеро дар ин сол ҷашни фархундаву саодатбахш ва тақдирсози миллат – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Истиқлол дар баробари ҳифзу нигаҳдошти тамоми муқаддасоти миллӣ дар рушду такмили соҳаи маориф ва бунёду истеҳкоми он нақши боризе дорад. Тавассути ин неъмати бебаҳо ва заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуммҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот ва оромию осоиштагии сартосарӣ танинандоз гардид ва низоми маорифи мамлакат дар самти таҳкими илму дониш неруи тозае касб кард.
Маҳз дониш ба инсонҳо нерую тавоноӣ мебахшаду фаъолияти босамару густурдаи онҳоро дар ҷодаҳои зиндагӣ таъмин месозад. Оне, ки дониши фарогиру зарурӣ дорад, ҳамеша комёбу сарбаланд аст ва барои халқу Ватан хидмати шоиста ва манфиатбор мекунад. Тавассути донишомӯзӣ ҳар фард дар зиндагӣ ҷойгоҳи ифтихории худро дармеёбад, соҳиби эҳтирому эътироф мегардад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарогирии илму дониш чунин таъкид кардаанд: «Дониши ҳар кас дар муайянсозии шахсияти ӯ маҳаки асосист. Дониш зиндагии моро хушу гуворо, ҷомеаамонро пешрав ва арсаҳои фаъолиятамонро мунаввар месозад». Боз ҳам ба таъкиди Сарвари кишварамон, мардуми тоҷик аз азал эътиқод ба дониш доштаанд ва ҳикмати «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй»-ро маромномаи ҳастии худ баргузидаанд. Ҳанӯз дар «Авасто» - қадимтарин сарчашмаи хаттии мардумони ориёинажод дониш ва хирад ситоиш шудааст. 

Қофиласолори адабиёти тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин вижагии азалии тоҷиконро дар қитъаи машҳури зер басо муассиру андарзбор ба қалам додааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Минбаъд низ аҳли адаб ва кулли хирадмандон донишро мадҳу ситоиш кардаву онро чун «қуфлкушои дарҳо»-ву «машъали раҳнамо» ва «омили зафармандиҳо» тавсиф кардаанд ва ҳамчунин, «оби ҳаёт»-у «василаи наҷот» номидаанд. Ҳаким Фирдавсии суханофарин даъват аз ҳамагон бинмудааст:

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

Ҳамин гуна ситоиши донишу донишварӣ дар адабиёти ҷаҳонгиру беназири мо дар сатҳи хеле баланд аст ва ҳамаи моро ҳушдор медиҳад, ки пайваста аз пайи донишомӯзӣ бошему ҳеҷ гоҳ аз ин кор фориғу барканор намонем. Табиист, ки дониш бо илму маориф ҳамбастагии ногусастанӣ ва ҳамешагӣ дорад. Дар арҷгузорию донишомӯзӣ аҳли маориф мақоми аввалдараҷа доранд ва ҷабҳаҳои фаъолияти онҳо - мактабу гимназияву литсейу донишкадаю донишгоҳҳо дар маҷмӯъ донишсаро номида мешавад. Дар даврони истиқлоли кишвар, махсусан донишомӯзии насли наврас, ки ояндасозони Ватан мебошанд, бештар дар меҳвари диққат қарор дорад. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон чунин иброз доштаанд: «Ҳадафи аслии мо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили насли наврас ҳамин аст, ки онҳо соҳиби дониши мукаммал, забондон, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор ва дорои касбу кор ва ихтисосҳои гуногун бошанду дар ободсозӣ ва тараққии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузоранд». Ба ин мазмун, ҳадафи асосӣ аз ислоҳот дар соҳаи маориф, бознигарии барномаву нақшаҳои таълимӣ, корбасти усулҳои фаъоли таълим, таҳияи ҷадиди китобҳои дарсӣ, нашри номгӯи зиёди дастурҳои методӣ, истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ ва амсоли инҳо тақвиятбахшӣ ба илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон мебошад. Инчунин, маҳз ба хотири боз ҳам вусъат бахшидан ба доираи донишҳои ояндасозони миллат ва фарогирии комилтари донишҳои муҳими муосир аз ҷониби онҳо дар кишвари мо бо ибтикори Пешвои миллат Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) эълон шудааст, ки ин тадбири хеле самарбахшу манфиатбор дар самти тақвиятбахшии донишомӯзии наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки ғановати хазинаи дониш ва корбасти ин хазина марбут ба соҳаи маориф аст. Намоёнтарин чеҳраҳои ин соҳаи маърифатгустар омӯзгоронанд ва онҳо машъалафрӯзони олами дониш буда, дар замири шогирдон шуълаи меҳр ба донишро меафрӯзанд ва онҳоро дар руҳияи хештаншиносию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ тарбият менамоянд. Бовар дорам, ки минбаъд фаъолияти устодони арҷманди мо дар ин самт боз ҳам тақвият меёбад ва дар ин замина меҳру муҳаббати шогирдон ба дониш – ба ин сарчашмаи кулли комёбиҳо, марҳила ба марҳила меафзояд.
Ҳамаи шумо – кормандону алоқамандони соҳаи маориф ва донишомӯзони муҳтарам ва низ беш аз 240000 кӯдаки саодатманди кишварро, ки имсол бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд, ба ифтихори Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша комёбу пешрав бошед ва мунтазам дониш омӯзеду кӯлбори маънавии худро пурбортар созед, зеро бузургон фармудаанд:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан, 
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Рӯзи дониш муборак!