Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

БОЗИДИДИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВӢ БАХШИДА БА "ҶАШНИ 5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ"

01.10.2020

Количество просмотров: 2682

Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шуда, дар ду тарафи он номи «Саразм» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ҷой гардида, дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст.

Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар, бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад. Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Хуршед, Офтоб ва Меҳрро ифода менамояд. Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Парастиши офтоб аз ҷумлаи боварҳои ориёиён бар пирӯзии нур бар зулмот буда, мазмуни эҳёшавии Замин-модарро ифода месозад.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари  бостонию таърихӣ будани Саразм буда, аз шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

БОЗИДИДИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВӢ БАХШИДА БА "ҶАШНИ 5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ" АЗ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

120562782_210878313714745_7599301742558396569_n.jpg

120583286_210878560381387_48569610106931.jpg

120707595_210878337048076_49351218552338.jpg

Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе