Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши идона баргузор гардид.

Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид.

17.10.2020

Количество просмотров: 12638

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати марди деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилғундорӣ мебошад. Дар моҳи меҳр Офтоб дар бурҷи Мизон қарор мегирад, ки то аз ин бурҷ баромадан як моҳ сипарӣ мегардад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба миёнаи моҳи октябр  ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати ҷашни фархундаи Меҳргон дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон намоиши  идона баргузор гардид. Дар намоиш маҳсули заҳмати деҳқонон ҳунарҳои дастии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанони муассиса ба маърази тамошо гузошта шуд, ки бинандаҳо ба онҳо баҳои баланд доданд.

Зикр гашт, ки Меҳргон аз ҷашнҳои мардуми ориёитабор маҳсуб ёфта, ҳамчун таҷассумкунандаи дӯстию рафоқат, меҳр ба инсон ва ҷамъоварии кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбори деҳқон шинохта ва пазируфта шудааст. Доир ба ин ҷанбаи Меҳргон Сарвари давлат дар Паёми табрикии хеш таъкид доштаанд, ки “Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад.

Роҳбарон ва меҳмонони муассиса зикр намуданд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва густариш ёфтани як силсила арзишу суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон- иди Меҳргон барои ҳар  сокини мамлакат мояи ифтихору сарфарозист. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб фаро мерасидааст. Мувофиқи ойини гузаштагон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросими зиёде сурат мегирифт, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксари одамон кишоварзӣ буд.

Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида,  ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе