Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

1971 1972 1973
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

«Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» кай баргузор мешавад

“Тараннумгари сухан” номи китобест, ки ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯйи чоп омадааст. Он аслан як дастури  таълимӣ – методист, ки ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида шуда, фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи фестивал, номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни  фаъоли фестивалро инъикос менамояд. Дар сарсухани китоб мехонем:  Бо...

Шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ зиёд карда мешавад

«Аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз зимни мулоқот бо аҳли илму фарҳангу маориф баён доштанд. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои та...

Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат

18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуф...

Эмомалӣ Раҳмон «Кумитаи телевизион ва радио дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ таъсис диҳад»

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дар мулоқот бо олимони мамлакат Кумитаи телевизион ва радиоро вазифадор намуд, ки дар муддати шаш моҳ бо номи «Илм ва табиат» шабакаи нави телевизионӣ  таъсис диҳад. Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар шабакаи мазкур ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳ...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар

Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!Ҳамватанони азиз!Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз — соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақ...

Ҳикояте аз пандҳои Муҳаммад Ғазолӣ

 Подшоҳи Ҳиндустон расуле фиристод ба Нўшервон, ки: «Ман ба подшоҳӣ аз ту авлотарам, хироҷ ба ман бифирист».Нўшервон расулро фуруд овард ва дигар рўз бор бидод. Меҳтарон бихонду расулро ҳозир кард ва гуфт: «Ҷавоби пайғом бишнав». Пас Нўшервон сандуқе бихост.Бигушоду сандуқчае аз ў берун кард ва муште кабар (навъе аз гиёҳи хордор) аз он бароварду расулро дод ва гуфт: «Ба вилояти шумо аз ин бувад?».  Гуфт: «Бисёр бувад». Нўшервон гуфт: «Бирав малики Ҳиндро бигўй: Нахуст вилояти хештан ободо...

Суғд: барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 20 000 сомонӣ мегардад

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 5 феврали соли 2020 ба тасвиб расид, дар вилояти Суғд барои ғолибони   ҷойҳои ифтихорӣ аз 4000 то 10​ 000 сомонӣ ва  ба барандаи Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмун 20​ 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад. Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э...

Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия эълон намуд

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2020/2021 вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия оғоз гардид. АМИТ “Ховар” матни пурраи эълони Маркази барномаҳои байналмилалиро манзури хонандагон мегардонад: «Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон ва хоҳишмандон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷ...

Китоби олими тоҷик Ҳасани Султон оид ба забони давлати Сомониён дар Аврупо ба нашр расид

Дар остонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму зиёиёни мамлакат ва ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз китоби нави шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон (Мирзоҳасан Султонов) — «Забони давлати Сомониён» тавассути нашрияи бонуфузи академии «Palmarium academic publishing» (Германия) ба наш...

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад....

«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст» Эмомалӣ Раҳмон Наврўз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад, Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз, Мурғи...