Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» кай баргузор мешавад

19 марта 2020 05:03

Количество просмотров: 20611

“Тараннумгари сухан” номи китобест, ки ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯйи чоп омадааст. Он аслан як дастури  таълимӣ – методист, ки ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида шуда, фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи фестивал, номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни  фаъоли фестивалро инъикос менамояд.

Дар сарсухани китоб мехонем:

 Боз соле сипарӣ гардид ва имрўз  якҷоя дар остонаи иди каломи беназиру оламгир, дар остонаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», фестивале, ки аз соли 1944 арзи ҳастӣ дорад ва то омад – омади он дар саросари кишвар маҳфилу вохўриҳои судманд тантана менамояд.

 Ин ид бо ташаббуси нависандаи рус Лев Кассил  арзи ҳастӣ намуда, то пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи он бо навбат таҷлил мегашт.

 Тавассути баргузории  ин фестивали фархунда робитаи эҷодкорони дохиливу хориҷӣ мустаҳкам ва китобҳои наву тоза тарҒиб мегардид, кўдакону наврасон ба китобхониву китобхона ҷалб мегардиданд.

  Дигаргуниҳои сиёсиву таърихӣ боис шуд, ки муддате ин ид фаромўш шуд ва миёни аҳли калом, миёни адибон фосила бунёд кард.

  Аз ҷумла хотири адибони тоҷик, ки зимни баргузории ин иди мутантан бо осори нави ҳамқаламони бурунмарзии хеш ошно мегардиданд, мушавваш  гардид.

  Пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба соҳибихтиёр гардидани ҷумҳуриҳои бародар роҳ кушод ва Тоҷикистони ҷавону ҳамешасабзи мо номи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявиро гирифт.

  Дар ин асно шоирони маҳбуби миллат Наримон Бақозода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Латофат Кенҷаева, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон ба ноҳияҳои кишвар  сафар карда, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳои хотирмон доир менамуданд, вале ҳанўз фестивал ба фаъолияти аслии хеш шурўъ накарда буд.

 Соли 2003 бо ташаббуси шоири дўстдоштаи бачаҳо Наримон Бақозода дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар собиқ роҳбари он Ғуломзода Қурбон (Авғонов Қурбон) ин фестивалро бо номи Фестивали «Китоб ва мусиқӣ» аз нав эҳё намуд.

  Пас аз чанд сол фестивал боз тағйири ном кард - Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» ва чун моҳе аз паси абр раҳохўрда аз нав мунаввар шуд дар саросари Тоҷикистони офтобӣ.

 Тавассути ин фестивал он падидаҳои соҳибзавқу соҳибистеъдоде пайдо шуданд, ки бо умед ҳар якеро ояндасозӣ ин миллати соҳибтамаддун ва ин кишвари биҳиштосо метавон арзёбӣ кард.

 Ҳамасола фестивали мазкур тўли як ҳафта дар саросари кишвар бо як шукӯҳу шоҳомоти  хоса таҷлил мегашт ва ба як иди мутантан, ба иди ҳақиқии китоб табдил ёфт. Соли 2019 Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» ба ин  иди китоб нури нав зам кард.

 Озмуни мазкур тўли як сол идома ёфта, беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.

 Озмун бори дигар собит кард, ки миллати тоҷик рисолати азалии китобхониву китобдўстии худро гум накардааст ва насли имрўзро ҳамчун паёморони номбардори ҷабҳаи сухан ба камол расонида, миллати соҳибкитобу соҳибтамаддунро дар арсаи олам муаррифӣ хоҳад кард.

 Умедворем, ки фестивали имсола, ки аз 2 то 9-уми апрели соли равон бо номи “Тараннумгари сухан” баргузор мегардад, низ дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил гашта, дар тарҒиби осори наву ҷолиб ва ҷалби ҳарчи бештари алоқамандону дўстдорони китоб нақши назаррас мебозад.

  Мутмаинем, чун солҳои пешин  ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор боз ҳам густариш ёфта, ин идро ба иди ҳақиқии китоб ва кашшофи падидаҳои нав табдил медиҳад.

Таҳияи Фирўза Маҳмадҷонова,

мутахассиси Маркази такмили ихтисос