Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҳикояте аз пандҳои Муҳаммад Ғазолӣ

18 марта 2020 09:03

Количество просмотров: 21826

 Подшоҳи Ҳиндустон расуле фиристод ба Нўшервон, ки: «Ман ба подшоҳӣ аз ту авлотарам, хироҷ ба ман бифирист».Нўшервон расулро фуруд овард ва дигар рўз бор бидод. Меҳтарон бихонду расулро ҳозир кард ва гуфт: «Ҷавоби пайғом бишнав». Пас Нўшервон сандуқе бихост.Бигушоду сандуқчае аз ў берун кард ва муште кабар (навъе аз гиёҳи хордор) аз он бароварду расулро дод ва гуфт: «Ба вилояти шумо аз ин бувад?».

 Гуфт: «Бисёр бувад». Нўшервон гуфт: «Бирав малики Ҳиндро бигўй: Нахуст вилояти хештан ободон кун, ки ҳама вайрон гаштааст ва кабар гирифтааст ва он гаҳ тамаъи ободон кун, ки агар дар вилояти ман бигардиву як бун кабар биҷўӣ, наёбӣ. Ва агар ман бишнавам, ки андар вилояти ман як буни кабар аст, омили он ноҳиятро бар дор кунам».

  Ва подшоҳ чунон бояд, ки бар ниҳоду равиши он подшоҳон равад, ки пеш аз ў будаанд ба некўкирдорӣ ва пандномаҳои эшон бархонанд, ки эшонро зиндагонӣ бисёр будаасту таҷрибатҳои бисёр афтодааст ва нек аз бад бадар овардаанд.

     Ва Анўшервон бо ҳама некўсиратӣ кутуби муқаддамон фурў хондӣ ва ҳикоятҳои эшон дархоставу бар сирати эшон рафтӣ. Пас подшоҳони ин замона сазовортар, ки чунон кунанд.

 Ин ҳикоят аз китоби “Насиҳат-ул-мулук”-и Муҳаммад Ғазолӣ оварда шуд. Китоби мазкур, ки як пандномаи хубест,  соли 2011 дар шаҳри Душанбе (нашриёти “Ирфон”) чоп шудааст. Китобро шумо дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.