1997 | 1998 | 1999 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Санаи 25.09.2021 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи хусусии Кафолат - и ноҳияи Сино озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 доир гардид. Озмунро Нуров Маҳмадназар - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагони озмунро барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории озмун бурдбориҳоро таманно намуданд. ...
22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати...
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд. И...
Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд! Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Дар ин лаҳзаҳои пурнишоту фараҳбахш ва пурифтихор бо камоли хушнудӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли ҳамватанони азизро ба муносибати фаро расидани 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда...
Тахсили босифат ва муҳити бехатар дар синфхона ва ҳудуди муассисаи таълимӣ: Ҳангоми наздикӣ ба одамон ниқобро пӯшида истед Ҳангоми танаффус нигоҳ доштани фосиларо аз ҳамсинфон фаромӯш накунед Обро дар зарфи фардӣ бо худ гиред ва танҳо аз он нӯшед Лавозимоти мактабии дигаронро истифода набаред Барои ҳамсолони худ дар риояи қоидаҳои беҳдоштӣ намуна бошед
Хонандагон устодон ва омӯзгорони муҳтарам! Инак, ба сарзамини Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи Ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз соли нави хониш қадам мегузорад. Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи ҳукумати кишвар ба аҳли илму маориф мебошад. Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону омӯзгорон, падару модарон, аҳли илму маориф, ку...
Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар! Устодону донишҷӯён ва хонандагони азиз! Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони маҳбуб, дар нахустрӯзи соли нави таҳсил – 1 сентябр, Рӯзи дониш таҷлил ва Дарси сулҳ доир мешавад, ки ин сана барои тамоми донишандӯзон басо рамзист, зеро муҳимтарин ҳадафи таҳсил андӯхтани илму дониш аст. Таҷлили имсолаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои тамоми аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳ...
ХАЙР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ МАН! Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти томактабии назди литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори аввал 100 нафар тарбиятгирандагон хатм намуда, имтиҳони қабул ба синфи якумро супориданд. Бояд қайд намуд, ки боз муассиса омода аст, ки кӯдакони соли таваллудашон 2015-2016-ро барои таҳсил қабул намояд. БАРОИ МАЪЛУМОТИ БЕШТАР БА РАҚАМҲОИ 235-68-24 МУРОҶИАТ НАМОЕД.
Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) ва 1 ифтихорнома гардиданд. Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаб...
Семинари машваратӣ байни директорон, муовинон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, гисти муассисаҳо ва омӯзгорони фанҳои физика ва математикаи маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар семинари мазкур ҳамаи директорон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас қадрдони гардиданд, аз он ҷумла ба директори Литсейи президенӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ғайратзода Лайло...