Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 1 3
4 5 6 8 9 10
11 12 13 14 15 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


116 МЕДАЛ ВА 31 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021

30 Августа 2021 01:08

Количество просмотров: 211

Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) ва 1 ифтихорнома  гардиданд. 
Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 6 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 3 медали биринҷӣ гардиданд. 
Дар Олимпиадаи байналмилалии «IChO 2021» аз фанни химия, ки дар шаҳри Нагасаки кишвари Ҷопон байни 86 давлат  баргузор гардид, 4 нафар хонанда аз ҷумҳурӣ иштирок намуда,  сазовори 2 медали нуқра гардиданд. 
Рӯзҳои 20-27 июни соли ҷорӣ дар кишвари Сингапур Олимпиадаи байналмилалии фосилавии «IOI 2021» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур зиёда аз 80 кишвари дунё иштирок намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар хонандаи болаёқат муаррифӣ намуда, сазовори 1 медали нуқра гардиданд.  
Дар шаҳри Лисабони кишвари Португалия 32-юмин Олимпиадаи байналмилалии фосилавии «IBO-2021» аз фанни биология дар байни 77 кишвари дунё баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 даста иборат аз 4 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд. 
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар 28 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 116 медал – 18 медали тилло, 34 медали нуқра, 64 медали биринҷӣ ва 31 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. 

Манбаъ аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: https://www.maorif.tj/ahborot/116-medal-va-31-oji-iftihorii-honandagoni-toik-az-olimpiadaoi-aon-dar-...